МУАРРИФИИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН. Дар боғҳои фарҳангу фароғатии Душанбе гӯшаҳои сайёҳӣ ташкил шуданд

Август 7, 2023 19:21

ДУШАНБЕ, 07.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи рушди сайёҳии назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 август дар ҳошияи намоиш-фурӯши махсулоти кишоварзӣ ва барномаҳои ноҳияи Вахш дар Боғи фарҳангу фароғати ба номи Абулқосим Фирдавсӣ, шаҳри Роғун дар Боғи Куруши Кабир ва шаҳри Истаравшан дар Боғи Ирам гӯшаҳои сайёҳӣ ташкил намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии мамлакат хабар доданд.

Гӯшаҳои сайёҳии мазкур бо мақсади иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи баргузории намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву адабии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар пойтахти мамлакат -шаҳри Душанбе амалӣ гардиданд.

Дар намоишгоҳ аз ҷониби кормандони Кумитаи рушди сайёҳӣ ва ширкатҳои сайёҳии ватанӣ имконоти рушди сайёҳӣ дар мамлакат  тариқи руқъаҳо, брошюраҳо ва дигар маводи иттилоотӣ мавриди баҳрабардории иштирокчиён қарор дода шуд.

Мавриди тазаккур аст, ки баргузории чунин барномаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ба рушди соҳаи сайёҳӣ, ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муаррифӣ намудани имконияти сайёҳии мамлакат мусоидат намуда, пешниҳод намудани маводи иттилоотӣ-тарғиботӣ аз ҷониби ширкатҳои сайёҳӣ дар ин гуна намоишҳо дар рушди фаъолияти онҳо нақши муҳим мебозад.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии   назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 7, 2023 19:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Ҷаласаи Шуро оид ба сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Кумитаи рушди сайёҳӣ барои рушди соҳа ва тарғиби имконоти сайёҳии Тоҷикистон озмун эълон намуд
САЙЁҲИИ РАҚАМӢ. Дар Душанбе лоиҳаи замимаи мобилии «Ватан» муаррифӣ гардид
Имконоти сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллии Тоҷикистон дар шаҳри Тула муаррифӣ гардид