НАМОИШ-ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ. Аз ҷониби кишоварзони ноҳияи Ванҷ маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ба сокинони Душанбе пешниҳод гардид
ДУШАНБЕ, 19.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз дар Боғи «Куруши Кабир»-и шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Ванҷ доир шуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Ба сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе кишоварзони ноҳияи Ванҷ зиёда аз 13 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла картошка, пиёз, сабзӣ, карам, лаблабу, помидор, донагӣ, меваҳои тару тоза, меваҳои хушк ва ғайра бо нархи нисбат ба бозор арзон пешниҳод намуданд.
Муовини Раиси ноҳияи Ванҷ Масрур Ғайратшозода иброз дошт, ки «дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 32-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон имрӯз мо имрӯз ярмарка-фурӯши маҳсулотҳои кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумии ноҳияро шаҳри Душанбе доир намудем. Кишоварзони ноҳияи Ванҷ бо заҳмати худ ва истифодаи самараноки заминҳои кишт дар фаровонии таъмини бозорҳои ноҳия ва ноҳияҳои атроф саҳми назаррас доранд».
Дар ноҳияи Ванҷ 14 ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият дорад, ки дар он 120 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ бо 3217 саҳмдор дар 1458 гектар замини обӣ кишти маҳсулоти гуногуни кишоварзиро ба роҳ мондаанд. Дар маҷмуъ заминҳои корами ноҳияи Ванҷ бештар аз 2 ҳазору 600 гектарро ташкил дода, аз ҷумла, бештар аз 1000 гектари онро боғу себзор дар бар мегирад. Кишоварзони ноҳия дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат боғҳои меваҳои содиротиро афзун намуда, аз ин ҳисоб ҳосили фаровон ба даст меоранд.
Тибқи маълумоти оморӣ, 85-90 дарсади аҳолии ноҳия ба кишоварзиву чорводорӣ ва боғдориву растанипарварӣ машғул буда, даромади аҳолӣ аслан аз ҳамин ҳисоб сарчашма мегирад.
Ёдовар мешавем, ки шоми имрӯз дар Боғи «Боғи Куруш»-и шаҳри Душанбе барномаи фарҳангии ноҳияи Ванҷ доир мегардад.
АКС: АМИТ «Ховар»













«МегаФон Life»: Навсозиҳо ҳаётро сабуктар менамоянд
Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Тоҷикистон IRS 17 400 тонна маводи зиддилағзиш захира намудааст
Доир ба нақши маориф дар тарбияи насли ваҳдатсоз вохӯрӣ доир гардид
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суди конститутсионӣ Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ноиби президент ва академики Академияи илмҳои Осиё интихоб гардид
Алоқа барои сохтмон: чӣ тавр имконоти мобилӣ дар бунёди иншоот дар саросари Тоҷикистон кумак менамояд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
ПАРЧАМИ МО ХУД САРИ БОЛОИ МОСТ! Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Рӯзи Парчами давлатӣ бошукуҳ таҷлил гардид
«ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ!». Таҳти ин унвон дар Лахш ҳамоиши идона доир шуд






