НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми ММД дар Тоҷикистон беш аз 54 миллиард сомонӣ ва суръати рушди он зиёда аз 8 фоизро ташкил дод

Август 15, 2023 13:37

ДУШАНБЕ, 15.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и ҷумҳурӣ дар шаш моҳи соли равон  54,2 миллиард сомонӣ ва суръати рушди он 8,3 фоизро ташкил дод. Дар ин хусус имрӯз дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон Вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода иттилоъ дод.

Вазир афзуд, ки дар ин давра рушд асосан аз ҳисоби истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 10,3 фоиз, гардиши бор 12,3 фоиз, гардиши мусофирон 19,6 фоиз, кишоварзӣ 7,9 фоиз, сохтмон 27,1 фоиз, гардиши савдо 11,8 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ дар ҳамаи соҳаҳои хизматрасонӣ 5,5 фоиз таъмин гардид.

Таъкид шуд, ки ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ дар ин давра ба 3415,0 миллион доллари амрикоӣ баробар гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 98,1 миллион доллари амрикоӣ ё 2,8 фоиз кам мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷумҳурӣ ба маблағи 678,6 миллион доллари амрикоӣ молу маҳсулот содирот гардида, инчунин   ба мамлакат ба маблағи 2736,4 миллион доллари амрикоӣ молу маҳсулот ворид шудааст. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 438,4 миллион доллари амрикоӣ ё  беш аз 19 фоиз зиёд аст.

                                                                               Марзия САИДЗОДА,
АМИТ
«Ховар»

                                                                                 АКС: АМИТ «Ховар

Август 15, 2023 13:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд