НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 169,8 милион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор намуд

Август 15, 2023 14:40

ДУШАНБЕ, 15.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 мутахассисони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 168 тафтишу санҷиши молиявӣ гузаронида, ба маблағи умумии 169,8 милион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор намуданд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори Агентӣ Сулаймон Султонзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Тазаккур дода шуд, ки тавассути тадбирҳои ошкоршуда аз маблағҳои ошкоршудаи зарар ва дигар тадбирҳои иловагӣ 185,4  миллион сомонӣ ба манфиати давлат барқарор шуд, ки 124,3 миллион сомонии он ба суратҳисобҳои буҷетӣ ва 61,1 миллион сомонӣ ба корхонаву муассисаҳо рост меояд.

Дар шаш моҳи аввали соли 2023 баҳри бартараф намудани омилҳои коррупсионӣ ва шароити ба онҳо мусоидаткунанда бо натиҷаи тафтишу санҷишҳои молиявӣ, таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ, ошкорнамоии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, таҳлили хавфҳои коррупсия ва мониторинги татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дорои хусусияти умумиҳатмӣ ба унвони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳо дар маҷмуъ 987 дастури хаттӣ ва 1843 пешниҳод ирсол гардид. Тибқи натиҷаи баррасии онҳо 115 нафар аз вазифаҳои ишғолнамуда озод ва нисбат ба 673 нафар ҷазоҳои интизомӣ татбиқ шуданд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ
«Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Август 15, 2023 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд