НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Қариб 60 фоизи хатмкунандагони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо кор таъмин мешаванд

Август 4, 2023 16:57

ДУШАНБЕ, 04.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола ба ҳисоби миёна аз шумораи умумии хатмкунандагони ихтисосҳои донишгоҳ тақрибан 59 фоиз бо ҷойи кор таъмин мегарданд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи аввали соли 2023 Ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Ҳакимбек Абдуалимзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ба гуфти Ҳакимбек Абдуалимзода, ҳамасола тақсимоти хатмкунандагони гурӯҳҳои буҷетии донишгоҳ дар асоси дархостҳои воридшуда ба вазоратҳо, муассисаҳо, ташкилоти молиявию қарзӣ, корхонаву идораҳои давлатӣ ва ташкилоте, ки ба мутахассисони соҳаи маориф, иқтисод ва идора эҳтиёҷ доранд, равона мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 4, 2023 16:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба нақши рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ дар рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
«АЗ ТОҶИКИСТОН ТО ҶАҲОН». Андешаҳо дар ҳошияи асари тозанашри Абдураҳмон Аламшозода
Дар Донишгоҳи миллӣ таҳти унвони «Парчами давлатии Тоҷикистон – таҷассумгари ҳувияти миллӣ» ҳамоиш доир гардид
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо ташаббуси Пешвои миллат иштирокчиёни озмун соҳиби имтиёз мешаванд
Конфронси IV байналмилалии «Донишгоҳҳо ҳамчун марказҳои нави илм, тиҷорат ва ҷомеа» баргузор мегардад
Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мактаби дониш, ҷаҳонбинӣ ва худшиносӣ мебошад
Ба донишҷӯёни Донишгоҳи техникӣ касбҳои соҳаи хоҷагии обро тарғиб намуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ китоби «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таҳким ва арҷгузорӣ ба мақоми занон дар ҷомеа» рӯнамоӣ гардид
Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ба раддабандии байналмилалии таҳқиқоти илмии байнифаннӣ барои соли 2027 ворид шуд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН ВА ДАСТОВАРДҲОИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад