НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба иқтисоди Тоҷикистон аз ҳама беш Қазоқистон, Чин ва Италия сармоягузорӣ намудаанд
ДУШАНБЕ, 11.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба иқтисоди Тоҷикистон дар зарфи се моҳи аввали соли равон аз ҳама беш Қазоқистон- 83,5 миллион доллар сармоя ворид намудааст. Дар зинаи дуюм Ҷумҳурии Мардумии Чин бо 59,6 миллион доллар қарор дорад. Ҳамзамон дар ин давра Италия ба иқтисоди мамлакат беш аз 44 миллион доллар, Ҳиндустон 22,1 миллион доллар, Русия 20,9 миллион доллар, Британияи Кабир 12,1 миллион доллар ва дигар давлатҳои хориҷӣ сармоя ворид намудаанд.
Дар ин хусус 10 август Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода зимни нишасти матбуотӣ маълумот дод.
Мавсуф дар посух ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» дар мавриди он ки сармоягузорони хориҷӣ бештар ба кадом соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ намудаанд, иброз дошт, ки «сармоягузорони хориҷӣ бештар ба соҳаҳои саноати истихроҷ, саноати коркард ва сохтмон маблағгузорӣ намудаанд».
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд






