НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ба маблағи 574,6 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардидааст

Август 10, 2023 15:25

 ДУШАНБЕ, 10.08.2023. /АМИТ «Ховар»/.  Дар шашмоҳаи аввали соли 2023 дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз ҷониби 177 коргоҳу корхонаи саноатӣ ба маблағи 574,6 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардидааст, ки дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 107,5 миллион сомонӣ ё 124,1 фоиз зиёд мебошад. Дар ин хусус 9 август зимни нишасти матбуотӣ Раиси ноҳияи Фирдавсӣ Умед Гуреззода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ба иттилои манбаъ, дар 6 моҳи соли 2023 корхонаҳои саноатии ноҳияи Фирдавсӣ ба маблағи 2,3 миллион доллари амрикоӣ маҳсулоти истеҳсолнамудаи худро ба хориҷи мамлакат содирот намудаанд.

Соли 2023 дар ноҳияи Фирдавсии шаҳр аз 177 корхонаи саноатӣ 116 корхона ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро аз 100 фоиз зиёд, 28 корхона ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро аз 100 фоиз кам намуда, 33 корхонаи дигар бо сабабҳои гуногун фаъолият надоштанд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ
«Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 10, 2023 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд