НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ 28 ҳолати ғасби худсаронаи қитъаи замин ва сохтмони ғайриқонунӣ ошкор шуд

Август 10, 2023 19:30

ДУШАНБЕ, 10.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли равон аз ҷониби масъулони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ 28 ҳолати ғасби худсаронаи қитъаи замин ва сохтмонҳои ғайриқонунӣ дар масоҳати 32000 метри мурабаъ ошкор гардид. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Руслан Қодирзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки дар ин давра аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва тавассути ҷалби соҳибкорон ба корҳои ободонию созандагӣ намои берунии зиёда аз 14 бинои истиқоматии ҳудуди ноҳия таъмири ҷорӣ шудааст.

Инчунин дар доираи нақшаи чорабиниҳои 35-солагӣ сохтмони 12 бинои баландошиёнаи истиқоматӣ, таъмир ва навсозии 18 нуқтаи партовғундорӣ амалӣ гардид.Ғайр аз ин ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳо вобаста ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми соли 2023 дар ноҳия ба истифода додани 11 иншооти соҳаҳои маориф, хизматрасонӣ ва саноат дар назар дошта шудааст.

Ҷамъи маблағгузориҳои асосӣ дар миқёси ноҳия аз ҳисоби маблағҳои ҳамаи сармоягузорон 765 миллиону 546,5 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022    42 млн 107,7 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ
«Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 10, 2023 19:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид