НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Моҳи сентябр дар Душанбе ду саммити сатҳи баланд баргузор мегардад

Август 15, 2023 15:26

ДУШАНБЕ, 15.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи сентябр шаҳри Душанбе- пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизбони ду чорабинии муҳими сатҳи баланд — вохӯрии панҷуми машваратии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои Сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал мегардад. Омодагиҳо ба ин саммитҳо дар кадом сатҳ аст ва Тоҷикистон дар доираи онҳо кадом чорабиниҳоро амалӣ менамояд?

Дар посух ба ин саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин имрӯз дар ҷараёни нишасти матбуотӣ иброз намуд, ки 14-15 сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузории ду чорабинии муҳими сатҳи баланд — вохӯрии панҷуми машваратии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои Сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба нақша гирифта шудааст, ки Тоҷикистон ба онҳо омодагии ҷиддӣ мебинад.

Вазири корҳои хориҷии мамлакат афзуд, ки ин чорабиниҳои сатҳи баланд таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, онҳо ҳамоишҳои ҷашнӣ мебошанд ва дар доираи таҷлили ҷашни 30-солагии таъсиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал доир мешаванд.

«Аз ин рӯ, бо мақсади дар сатҳи баланд ва шоиста баргузор намудани ин чорабиниҳо мо бо кишварҳои иштирокдор –Осиёи Марказӣ дар ҳамкории доимӣ қарор дошта, ҳаматарафа омодагӣ мегирем», таъкид намуд Сироҷиддин Муҳриддин.

Вазир иброз дошт, ки дар ҷаласаи машваратии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо пешниҳоди Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои он як баста санадҳо ба имзо хоҳанд расид, ки муҳимтарини онҳо Эъломияи ҷамъбастии Сарони давлатҳо хоҳад буд. Инчунин дар Душанбе ду созишномаи муҳим дар соҳаҳои нақлиёти заминӣ ва сиёсати ҷавонон ба имзо мерасанд. Ҳамзамон дар дигар соҳаҳо имзои санадҳо дар назар аст.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин пешниҳод намудааст, ки дар ҳошияи ҷаласаи панҷуми машваратии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ 12 чорабинии канорӣ гузаронида шавад. Баргузории форуми иқтисодӣ, форуми олимон, мулоқоти занони фаъол, барномаи фарҳангӣ ва намоишгоҳи таомҳои миллии панҷ давлати минтақа аз ҳамин ҷумла аст.

Ҳамзамон дар Душанбе баргузории ҷаласаи навбатии Шурои Сарони давлатҳои Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба нақша гирифта шудааст. Феълан Тоҷикистон раисии ин Фонди байналмилалиро ба уҳда дорад ва дар чаҳорчӯби ин ҷаласа якчанд қарорҳои ниҳоят муҳим барои пешрафти фаъолияти ин Фонд бояд ба имзо расанд,- изҳор дошт Сироҷиддин Муҳриддин.

Мавсуф афзуд, ки барои дар сатҳи баланд гузаронидани ин ду чорабинии муҳими сатҳи баланд дар шаҳри Душанбе — вохӯрии панҷуми машваратии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои Сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал таҳти роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода Кумитаи тадорукот таъсис дода шуда, дар Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ котиботи ин ду саммит фаъол аст.

Вазири корҳои хориҷии мамлакат таъкид намуд, ки пойдории муколамаи боэътимод ва дурнамои рушди муносибатҳо байни давлатҳои Осиёи Марказӣ дар тамоми самтҳо аз авлавияти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз ин рӯ, мо бовар дорем, ки натиҷаҳои ин ду саммити сатҳи олӣ дар шаҳри Душанбе ба таҳкими минбаъдаи раванди рушди ҳамкорӣ ва пойдории амнияту субот дар минтақа мусоидат менамоянд.

Сироҷиддин Муҳриддин ҳамзамон доир ба натиҷаҳои фаъолияти Вазорати корҳои хориҷии мамлакат дар шашмоҳаи аввали соли равон ба доираи васеи намояндагони расонаҳои хабарии дохилию хориҷӣ гузориш дод.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 15, 2023 15:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳайати Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии «Осиёи Марказӣ-Австрия» иштирок намуд
Дар шаҳри Токио Наврӯзро ҷашн гирифтанд
Дар Москва Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд
Дар Лондон Наврӯзи байналмилалӣ бошукуҳ таҷлил гардид
Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд