НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Тоҷиксуғурта» ҳадди ниҳоии тарифи суғуртаи молу ашёи шаҳрвандонро паст намуд

Август 2, 2023 16:39

ДУШАНБЕ, 02.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» ҳадди ниҳоии тарифи суғуртаи молу ашёи шаҳрвандонро 4% ва суғуртаи корҳои сохтмонию васлкуниро 1% поён намуд. Дар ин хусус директори корхонаи мазкур Шуҳрат Мақсудзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Иқдоми мазкур бо назардошти вазъи имрӯзаи ҳолати молиявӣ ва бо мақсади фарогирии бештари шахсони ҳуқуқию воқеӣ ба суғурта амалӣ гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки корхона дар шашмоҳаи аввали соли 2023 ба шахсони хуқуқию воқеии ба молу амвол ва ҳаёту саломатиашон зараррасида дар ҳаҷми 1587,0 ҳазор сомонӣ маблағи суғуртавӣ пардохт намуд. Аз ин 16,5 ҳазор сомонӣ ба шакли ҳатмии суғурта ва 1570,0 ҳазор сомонӣ ба шакли ихтиёрии суғурта рост меояд.

Гуфта шуд, ки бо мақсади пурра ба суғурта фаро гирифтани ҳаёт, саломатӣ, масъулият ва молу амволи шахсони ҳуқуқию воқеӣ аз рӯи 22 намуди суғурта амал менамоянд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Август 2, 2023 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид