Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Президентии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) Акиҳико Танакаро ба ҳузур пазируфтанд
ДУШАНБЕ, 31.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 31 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президентии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) Акиҳико Танакаро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилоти мазкур дар бахшҳои мухталифи иқтисодию иҷтимоӣ баррасӣ карда шуд.
Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкории ҷонибҳо дар бахшҳои гуногун, хусусан барои мусоидат дар бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ оид ба таъмини оби нушокӣ, беҳтар намудани инфрасохтори нақлиётию роҳҳои мошингард, авиатсия, ҳифзи саломатии модару кӯдак, рушди соҳаҳои тандурустӣ ва кишоварзӣ, энергетика ва идоракунии сарҳади давлатӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкорӣ дар самтҳои дигари афзалиятнок ва амалисозии ҳадафҳои стратегии давлати мо дар доираи Барномаи кишварии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ изҳор доштанд.
Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои беҳсозии фазои соҳибкорӣ, мусоидат ба шуғли аҳолӣ, баланд бардоштани рақобатнокии кишвар, рушди инфрасохтори саноат ва содирот, ташкили ҷойҳои нави корӣ, ҷалби маблағҳо барои андешидани чораҳо оид ба пешгирии офатҳои табиӣ, коҳиш додани таъсири манфии оқибатҳои тағйирёбии иқлим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки ҳамкорӣ ҷиҳати омода кардани мутахассисон ва хизматчиёни давлатӣ дар самтҳои мухталифи идоракунӣ, молия, бонкдорӣ, сайёҳӣ, роҳсозӣ, энергетика ва дигар соҳаҳо ҳамчун афзалияти муҳими рушди муносибатҳои дуҷониба боқӣ мемонад.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сармоягузорону соҳибкорони кишвар мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони мамлакат
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди терминали нави байналмилалӣ дар фурудгоҳи Душанбе санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбат намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Фестивали таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва намоиши маҳсулоти саноатию кишоварзии давлатҳои ИДМ дар Туркманистон боздид намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов мулоқот намуданд






