Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти томактабии №40-ро ифтитоҳ намуданд

Август 31, 2023 08:20

ДУШАНБЕ, 31.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. 31 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 40-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахтро ифтитоҳ намуданд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар бинои Муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 40 шароиту имконияти муосири ба таълиму тарбия фаро гирифтани 250 кӯдак мавҷуд аст.

Таълим дар 11 гурӯҳ дар муассисаи томактабӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.

Иншоот аз таҳхона ва 4 ошёна иборат буда, дар он 23 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

Ба ғайр аз синфхонаҳои тарбиявӣ дар муассиса ошхона, толорҳои варзишию мусиқӣ, толор барои маҳфили кӯдакон, ҳуҷраи тиббӣ, анбор барои нигоҳдории маҳсулоти хӯрокворӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мавҷуд мебошанд.

Ҳуҷраҳои алоҳидаи хобу истироҳати кӯдакон бо таҷҳизоти муосир, аз қабили рахти хоб ва дигар ашёи фароғатӣ таъмин аст.

Бинои нави муассисаи томактабӣ дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат аз ҷониби фармоишгар ва пудратчии лоиҳа — Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “АБР-текстил” бо тарҳи муосир ва сифати баланд сохта шудааст.

Дар саҳни бинои муассиса айвончаҳо барои ба истироҳату фароғат ва дигар машғулият фаро гирифтани кӯдакон ва майдончаҳои бозии бо таҷҳизоти нави дилхушӣ муҷаҳҳаз ташкил шудаанд.

Бинои навбунёд ба системаи гармидиҳӣ пайваст буда, гармии синфхонаҳо, ҳуҷраҳои корӣ ва таълимию истироҳатӣ дар фасли зимистон тавассути он таъмин мешавад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба шароити муҳайёгардида дар бинои нав бо кормандони соҳаи маориф суҳбат намуда, онҳоро ба таълиму тарбияи дурусти насли наврас, дар руҳияи хештаншиносӣ ба камол расонидани онҳо ва ба омӯзиши илмҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ ҳидоят намуданд.

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти томактабии №40 дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе 31-08-2023

Август 31, 2023 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди терминали нави байналмилалӣ дар фурудгоҳи Душанбе санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбат намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Фестивали таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва намоиши маҳсулоти саноатию кишоварзии давлатҳои ИДМ дар Туркманистон боздид намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов мулоқот намуданд