Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон беморхона-дармонгоҳи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Август 17, 2023 08:15

ДУШАНБЕ, 17.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 17 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ Беморхона-дармонгоҳи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо имконияти хизматрасонии он шинос гардиданд.

Беморхонаи мазкур дорои 36 ҳуҷра буда, дар он барои муоинаву муолиҷаи беморон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, 11 ҳуҷраи он бо 21 кати хоб ва дастгоҳу лавозимоти соҳавӣ пурра муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки беморхона аз шуъбаи ҷарроҳӣ, бахшҳои терапевтӣ, табобати дандон, асаб, гӯшу гулӯ ва бинӣ иборат буда, муассисаи тиббӣ бо нақлиёти махсуси ёрии таъҷилӣ таъмин мебошад. Ҳамчунин барои беморон ошхона бо 30 ҷойи нишаст бунёд ёфта, дигар иншооти ёрирасон низ бо сатҳу сифати баланд сохтаву таъмир гардидааст.

Беморхона дар баробари расонидани кумаки тиббӣ ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамчунин ба кормандони дигар бахшу сохторҳои қудратӣ хизмат хоҳад расонид.

Сокинони кӯчаҳои атроф низ метавонанд барои машварату муоина ва муолиҷа ба ин муассиса муроҷиат намоянд.

Утоқҳои корӣ ва муолиҷавии иншооти мазкур бо таҷҳизоти зарурии соҳавӣ, аз қабили дастгоҳҳои рақамии ташхис, ташхиси ултрасадо, сабти барқии дил, кардиомонитор, оксигенератор ва дигар лавозимоти корӣ таъмин мебошанд.

Барои расонидани хизмати босифати тиббӣ ба беморон 27 нафар мутахассисони соҳибмалака ба кор ҷалб шудаанд.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи майи соли 2022 оғоз гардида, он дар муҳлати кӯтоҳ аз ҷониби Раёсати сохтмони асосии Вазорати корҳои дохилӣ бо сатҳу сифати баланд анҷом дода шуд.

Беморхона аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, намои берунаи он ба таври махсус рангу оро ёфтааст. Тадбирҳои сабзкорӣ низ дар атрофи иншооти мазкур бо завқу салиқаи баланд анҷом дода шуд.

Зимни боздид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулинро вазифадор намуданд, ки барои муолиҷаву табобати беморон хизматрасонии босифат ба роҳ монда, имконоти фароҳамоварда барои таъмини солимии ҷомеаро самаранок истифода баранд.
Ба истифода додани Беморхона ва дармонгоҳи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 17.08.2023Ба истифода додани Беморхона ва дармонгоҳи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 17.08.2023

Август 17, 2023 08:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд