Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Ванҷ мулоқот намуданд

Август 16, 2023 09:16

ДУШАНБЕ, 16.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 16 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Ванҷ бо роҳбарону фаъолони ноҳия мулоқоти самимӣ доир намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба сокинони меҳмоннавози ноҳияи Ванҷ барои пазироии самимӣ ва ба соҳибкорону шахсони саховатпеша ҷиҳати идомаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ арзи сипос намуданд.

Таъкид гардид, ки дар ноҳия барои истиқболи арзандаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд ва таъмиру таҷдиди 117 иншоот ба маблағи 191 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, аз ин ҳисоб то имрӯз 41 иншоот ба истифода супорида шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумурданд, ки ин раванд илова ба корҳои ободонии то имрӯз доиршуда густариш бахшида шуда, мушкилоти мардуми ноҳия то дурдасттарин деҳоти он ҳарчи бештар ҳал шавад.

Мавриди тазаккур аст, ки дар доираи Нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҳудуди ноҳия 95 иншооти ҷашнӣ ба маблағи 133 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шуда буд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар 32 соли истиқлоли давлатӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Ванҷ 477 миллион сомонӣ равона гардидааст.

Инчунин давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳия татбиқи 11 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 30 миллион сомонӣ ба анҷом расида, ҳоло корҳо дар доираи 6 лоиҳаи дигари сармоягузории давлатӣ ба маблағи зиёда аз 500 миллион сомонӣ бомаром идома доранд.

Лоиҳаҳои мазкур, пеш аз ҳама, ба сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо, мустаҳкам намудани инфрасохтор ҷиҳати таъмин намудани устуворӣ бар зидди офатҳои табиӣ, таъминоти барқ дар деҳот ва таҷдиду навсозии роҳҳои мошингард равона шудаанд.

Ҳамзамон бо ин барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва татбиқи ҳадафҳои стратегӣ Барномаи рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии ноҳия барои солҳои 2021 – 2025 амалӣ шуда истодааст. Барнома 116 лоиҳаро ба маблағи умумии 174 миллион сомонӣ дар бар мегирад, ки дар доираи он то имрӯз ҳамагӣ 26 лоиҳа дар ҳаҷми 98 миллион сомонӣ татбиқ гардидааст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ вазифадор карда шуд, ки ҳамкориро бо вазорату идораҳо, шарикони рушд, соҳибкорону сармоягузорон, аҳолӣ ва дигар ҷонибҳои дахлдор густариш дода, ҷиҳати дурусту мақсаднок аз худ намудани маблағҳои ҷудогардида ва таъмин намудани иҷрои барномаву лоиҳаҳои амалкунанда тадбирҳои иловагӣ андешад.

Ҳамзамон бо ин ба роҳбарияти ноҳия супориш дода шуд, ки якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ҷиҳати ҷалби маблағҳо барои амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ чораҷӯӣ намоянд.

Сарвари давлат ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ, вазоратҳои кишоварзӣ, саноат ва технологияҳои нав ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш доданд, ки ҷиҳати ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ бо мақсади ташкил намудани маркази замонавии нигоҳдориву бандубаст ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ тадбирҳои амалӣ андешанд.

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия вазифадор шуданд, ки бо ҷалби маблағҳои шарикони рушд ҷиҳати таҳия ва татбиқи лоиҳаи таъмин намудани устувории маҷрои дарёи Ванҷ ба тағйирёбии иқлим ва азхудкуниву обёрӣ намудани заминҳои нав чораҷӯӣ намоянд.

Ҳамзамон бо ин зарур шумурда шуд, ки доир ба ташкили фермаҳои чорводорию парандапарварӣ, хоҷагиҳои моҳипарварӣ ва таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати соҳа тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки раисони вилоят ва ноҳияи Ванҷ якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ имконияти ноҳияро дар самти рушди саноат ҳамаҷониба таҳлил намуда, ҷиҳати таъсис додани корхонаҳои саноатӣ барои коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, аз ҷумла маҳсулоти кишоварзӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Зимни таҳлили вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарону фаъолони ноҳия, раисони ҷамоату маҳаллаҳо, аҳли зиё ва шахсони обрӯманду таҷрибадорро вазифадор намуданд, ки минбаъд низ мардум ва хусусан ҷавононро ба таҳкими сулҳу субот, риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ ва корҳои созандагиву ободкорӣ ҳидоят намоянд.

Сарвари давлат бо боварӣ изҳор доштанд, ки мардуми бонангу номуси ноҳияи Ванҷ дар оянда низ бо заҳмати созандаи хеш барои боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани маҳбубамон ва мустаҳкам гардидани пояҳои давлати миллиамон саҳми ватандӯстона мегузоранд.

Баъди суханронии Сарвари давлат як гурӯҳ сокинони ноҳияи Ванҷ, кормандони касбу кори гуногун, аз ҷумла хонандаи синфи 11-и мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №8 Умар Орзуев ва директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия Заррина Музаффарова бо шукргузорӣ аз сулҳу субот ва талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи мардуми мамлакат сухан гуфтанд.
Мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Ванҷ 16.08.2023

Август 16, 2023 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Тавзеҳнома ба Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Соли 2024 дар вилояти Суғд 73 иншооти соҳаи маориф ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Истаравшан маҷмааи «Шоҳроҳи абрешим» ба истифода дода мешавад
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Тоҷикистон сохтмони 29 026 иншоот ба нақша гирифта шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Сино 7 коргоҳу корхонаи саноатӣ бунёд мешавад
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соҳибкорони шаҳри Кӯлоб ба маблағи 29 миллион сомонӣ иншооти таъйиноти гуногун сохтанд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Данғара сохтмони 5 муассисаи томактабӣ оғоз мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Роҳи автомобилгарди маҳаллаҳои Чимтеппа, Дарёобод ва Сарикиштии ноҳияи Фирдавсӣ пурра таъмир гардид