Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ ба 100 нафар ятим туҳфаҳо тақдим намуданд

Август 17, 2023 10:25

ДУШАНБЕ, 17.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 17 август дар шаҳри Хоруғ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 100 нафар кӯдакону наврасони ятиму дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ аз шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот ва  ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуданд.

Бо таваҷҷуҳу дастгириҳои Ҳукумати мамлакат тавассути бунёду навсозии иншооти соҳа ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои таҳсилу омӯзиши ин қишри ояндасози ҷомеа имконияти мусоид фароҳам оварда шудааст.

Бо истифода аз ҳамин шароит наврасон дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия мешаванд.

Қобили тазаккур аст, ки чун анъана Сарвари ятимпарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар сафари кориашон ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз ҳолу аҳволи ятимону ниёзмандон бохабар гардида, нисбат ба ин қишри ҷомеа ғамхорӣ зоҳир менамоянд.

Дар мулоқоти имрӯза ба ятимон дар доираи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идомаи ғамхориҳо аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари оростани дастархони пурнозу неъмат ба наврасону ҷавонон, ки бо амри тақдир аз навозиши волидон маҳрум мондаанд, маҷмуи сару либос, кумаки молиявӣ ва шириниҳо тақдим шуд.

Чунин муносибати неки Сарвари давлат нисбат ба кӯдакони ятим хушҳолию фараҳмандии онҳоро афзун менамояд.

Ятимону кӯдакони дорои имконияти маҳдуд бо шодиву нишот аз дасти Роҳбари инсондӯсту раъиятпарвар туҳфаҳои арзишманд гирифтанд.

Ҳангоми тақдими туҳфаҳо гуфта шуд, ки ғамхорӣ нисбат ба ятимону бепарасторон ва фарзандон аз оилаҳои ниёзманд дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи махсус дошта, барои беҳтар намудани шароити таҳсил ва зиндагии онҳо пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Ба ин матлаб кӯдакону наврасон худро ҳаргиз бесаробон эҳсос накарда, бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботи мамлакат илму ҳунар омӯхта, дар шукуфоии аз ин бештари Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми босазо мегузоранд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кӯдакону наврасони ноҳияҳои вилоят суҳбати самимӣ ороста, онҳоро ба таҳсили хубу аъло, андӯхтани дониши замонавию касбу ҳунар ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ҳидоят намуданд.

Таъкид гардид, ки Ҳукумати мамлакат ҳамеша ба қишрҳои ниёзманди ҷомеа, бахусус ятимону ниёзмандон тавваҷҷуҳи ҳамаҷониба равона месозад.

Дар ҷавоб ба ҳамаи ғамхориҳои давлату Ҳукумат наврасону ҷавононро зарур аст, ки илм омӯзанд, донишҳои замони муосирро аз худ карда, дар оянда ҳамчун фарзанди содиқи Ватан ба халқу миллат хизмати шоиста намоянд.
Мулоқот бо 100 нафар ятим ва тақдими тӯҳфа ба онҳо дар шаҳри Хоруғ 17.08.2023

Август 17, 2023 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Соли 2026 дар Хатлон бунёди зиёда аз 1500 иншооти нав ба нақша гирифта шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1469 иншооти ҷашнӣ бунёд гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ Тсзоу Ҷиайиро ба ҳузур пазируфтанд
35 соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар масири худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ
Шарҳи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳи Бохтар–Душанбе маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид
Мулоқоту чорабиниҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои наздик
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳри Турсунзода 546 синфхонаи иловагӣ ва 11 муассисаи томактабӣ сохта мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ 369 иншоот бунёд мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Ба ин муносибат дар пойтахт рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳо баргузор мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов иншооти иҷтимоӣ бунёду навсозӣ карда мешаванд