Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад

Март 31, 2026 08:40

ДУШАНБЕ, 31.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Ширкати «СЕТС»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин нақша дорад, ки дар вилояти Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта, ба истифода диҳад.

Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, масъалаи сохтмони неругоҳи офтобӣ 28 март зимни вохӯрии Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва намояндагони ширкати Ҷумҳурии Мардумии Чин мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Гуфта шуд, ки татбиқи чунин лоиҳаи бузург на танҳо ба ҳалли мушкилоти мавҷудаи таъмини барқ мусоидат мекунад, балки барои истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва ҳифзи муҳити зист низ замина мегузорад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷониба, бахусус дар соҳаи энергетикаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Таъкид гардид, ки тақвияти ҳамкорӣ дар ин самт метавонад ба рушди устувори иқтисодии минтақа ва беҳтар гардидани шароити зиндагии аҳолӣ мусоидат намояд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Март 31, 2026 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад