РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ. Ба аҳолии деҳаи Лангари Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ кумаки ғизоӣ расонида шуд
ДУШАНБЕ, 07.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бино ба маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд 4 августи соли 2023 дар ҳудуди деҳаи Лангари Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ бо мақсади бартарафсозии пайомадҳои сел барои кумак ба осебдидагон, тоза кардани қубурҳои обгузар, кӯчаҳо ва роҳҳои деҳа аз селовардҳо 120 сокини деҳа ва 6 техникаи муҳандисӣ ҷалб гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар натиҷаи ҳашар 2 ҳавлӣ, 12 иншооти ёрирасон, 2 километр роҳ, 400 метр селроҳа ва 800 метр ҷӯйбор барои обёрии заминҳо аз ҳар гуна ифлосӣ, лойқа ва регу санг тоза шуданд.
Раёсати Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Зарафшон ба аҳолии аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Лангари Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ 1000 кило орд, 60 кило макарон, 100 литр равғани рустанӣ, 40 кило шакар ва 40 кило чой кумак намуд.
Корҳои бартарафсозии пайомадҳои сел идома доранд.
Ёдовар мешавем, ки 28 июл дар ҳудуди деҳаи Урметани Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи баландкӯҳи Айнӣ сел омада, ба боғу зироати мардум, кӯчаю роҳрав ва баъзе хонаҳои истиқоматӣ хисорот расонид.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






