Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ бинои муассисаи таълимии Гимназияи хусусии ба номи «Марям Зиёева»-ро ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 31.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. 31 август Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои муассисаи таълимии Гимназияи хусусии ба номи “Марям Зиёева”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Зимни шиносоӣ ба Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иттилоъ дода шуд, ки бинои таълимии Гимназия аз се ошёна иборат буда, барои 340 нафар хонанда пешбинӣ гардидааст.
Бинои таълимӣ дорои 19 синфхона, ҳуҷра барои машғулияти гурӯҳӣ, бунгоҳи тиббӣ, хонаи омӯзгорон, ҳуҷраи техникӣ, китобхона, толори фарҳангӣ, толори варзишӣ бо 50 ҷойи нишаст, ошхона барои 50 нафар ва толори маҷлисӣ бо 40 ҷойи нишаст мебошад.
Дар синфхонаҳои иловагӣ шароити мусоиди таҳсил фароҳам оварда шуда, бо таҷҳизоти зарурии таълим муҷаҳҳаз гардидаанд.

Бино дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Гардӣ” бунёд ёфта, корҳои лоиҳакашӣ аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Шаҳрофар” анҷом дода шудаанд.
Корҳои ободониву бунёдкорӣ дар атроф ва саҳни бинои иловагии таълимӣ низ бо сатҳу сифати хуб ба анҷом расида, дар атрофи он гулу буттаҳо ва дарахтони ороишӣ шинонида шудаанд.
Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни суҳбат бо масъулин онҳоро вазифадор намуданд, ки пеш аз ҳама, дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, тарбияи наврасон дар руҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ ва таъмини шароити таълимӣ диққати бештар зоҳир намоянд.










Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад






