Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар Йоханнесбург ба масъалаҳои асосии геополитикӣ ишора намуд
ДУШАНБЕ, 23.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар муроҷиати худ ба форуми тиҷоратии БРИКС (Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Чин, Африқои Ҷанубӣ) дар Йоханнесбург мушкилоти асосии геополитикии замони кунуниро шарҳ дода, асоси онро сояи ҷанги нави сарди ба тамоми ҷаҳон таҳдидкунанда номид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба CGTN иттилоъ медиҳад.
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаҳониёнро аз шиддат гирифтани давраи нави муқовимати созмонҳои ҳарбӣ-сиёсӣ ҳушдор дода, иброз намуд, ки «ба сокинони кишварҳои гуногун ҷанги нави сард ва ё муҳосираи маҳдуд лозим нест, балки ҷаҳони ором, озод ва шукуфон зарур аст».
Ӯ таъкид намуд, ки сиёсати яккаҳукмронӣ ва таъқиби дигарон ҷаҳонро ба «ботлоқи таназзули истеҳсолот» тела медиҳад. «Иқтисодиёти ташаккулёбанда ва давлатҳои рӯ ба тараққӣ зери фишори бешармонаи онҳое қарор гирифтаанд, ки намехоҳанд яккаҳукмрониро аз даст диҳанд. Чунин ҳолат оқибати хуб дошта наметавонад. Хомӯш намудани чароғи дигарон ба ту равшанӣ намебахшад», — бо боварӣ изҳор намуд Си Ҷинпин.
Роҳбари давлати Чин ба қаҳрамонони ғарбии ҷанги нави сард, ки майл ба таҳқир намудани Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дигар аъзои БРИКС доранд, хотиррасон намуд: «Мо аслан майл ба ҳукмронии ҷаҳонӣ надорем ва роҳҳои муборизаи қудратҳои ҷаҳонӣ моро ба ин водор намесозанд».
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин миқёси буҳрони ҷаҳониро, ки дар сурати даст кашидан аз ҳалли ин мушкилот ҷаҳонро фаро мегирад, ҳанӯз дар нишасти соли гузаштаи БРИКС изҳор намуда буд. Ӯ ишора намуд, ки «ҳоло тақрибан 70 кишвар бо аҳолии 1,2 миллиард нафар дар остонаи буҳрони ғизоӣ, энергетикӣ ва қарзӣ қарор доранд, ки метавонанд ҳар лаҳза бо он дучор шаванд». Пас аз як сол ин пешгӯӣ аҳамияти худро нигоҳ доштааст.
Дар ҳошияи форумҳои расмӣ ва дигари БРИКС дар Йоханнесбург таъкид гардид, ки «панҷгона» қодир аст ба тамоюлҳои хатарноки геополитикӣ посухи муассир дода, ҳамкории васеъ ва одилонаро дар миқёси ҷаҳон эҷод намояд.
Ӯ инчунин бо итминон таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин минбаъд низ дар пешбурди шаффофияти ҷаҳонӣ нақши мустақим хоҳад дошт. «Чин дастрасиро ба бозори дохилӣ тавсеа дода, рӯйхати манфии сармоягузории хориҷиро коҳиш ва сатҳи шаффофияти бахши муосири хизматрасониро баланд мебардорад. Мо фазои тиҷоратии бозаргонӣ, ҳуқуқӣ ва байналмилалӣ, инчунин шабакаи минтақаҳои савдои озодро, ки ба тамоми ҷаҳон нигаронида шудаанд, ташаккул хоҳем дод».
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС: CGTN








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«МегаФон Life»: Навсозиҳо ҳаётро сабуктар менамоянд
Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Тоҷикистон IRS 17 400 тонна маводи зиддилағзиш захира намудааст
Доир ба нақши маориф дар тарбияи насли ваҳдатсоз вохӯрӣ доир гардид
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Суди конститутсионӣ Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ноиби президент ва академики Академияи илмҳои Осиё интихоб гардид
Алоқа барои сохтмон: чӣ тавр имконоти мобилӣ дар бунёди иншоот дар саросари Тоҷикистон кумак менамояд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
ПАРЧАМИ МО ХУД САРИ БОЛОИ МОСТ! Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Рӯзи Парчами давлатӣ бошукуҳ таҷлил гардид






