Раиси вилояти Хатлон бо соҳибкорони тоҷики муқими шаҳри Алмаато мулоқот намуд

Август 28, 2023 12:02

ДУШАНБЕ, 28.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон 25 август мулоқоти Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо соҳибкороне, ки аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар шаҳри Алмаато кору иқомат доранд, доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.

Дар мулоқот таъкид гардид, ки имрўз дар Тоҷикистон барои фаъолияти соҳибкорӣ тамоми шароит фароҳам оварда шуда, қонунгузории соҳа, имтиёзҳои давлатӣ, кам будани сарбориҳои андозбандӣ, мавҷудияти ашёи хом, хусусан маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ, пешбинӣ гардидани тахфиф барои интиқоли молу маҳсулот ба хориҷи мамлакат тавассути роҳи оҳан ва қувваи корӣ барои бунёди коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ имконияти мусоид мебошад.

Гуфта шуд, ки дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон се ҷамъияти тоҷикон фаъолият дошта, даҳҳо соҳибкорони тоҷики муқими ин шаҳр дар соҳаҳои гуногун ба дастовардҳои намоён ноил гаштаанд. Ин соҳибкорон пайваста ба Ҷумҳурии Тоҷикистон рафту омад ва робитаи зичи ҳамкорӣ дошта, дар муаррифии таъриху тамаддун, урфу одат ва молу маҳсулоти Тоҷикистон дар Қазоқистон ҳиссагузорӣ менамоянд.

Раиси Анҷумани тоҷикони Қазоқистон «Сомониён» Саидмурод Шарифов иброз дошт, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол хонаи умеди ҳар як тоҷики рӯи ҷаҳон маҳсуб шуда, пешрафти он таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мояи рӯҳбаландию ифтихормандии ҳар як тоҷик гардидааст.

Саидмурод Шарифов

«Мулоқоти имрўза бо роҳбарияти вилояти Хатлон моро боз ҳам ба фардои дурахшони Ватанамон руҳбаланд намуд ва тасмим гирифтаем, ки дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва дигар минтақаҳои мамлакат корхонаву коргоҳ таъсис дода, дар ободии сарзамини аҷдодиамон саҳми арзанда гузорем»,- тазаккур дод Саидмурод Шарифов.

Тибқи иттилои масъулин, айни замон дар Ҷумҳурии Қазоқистон 12 муассисаи таълими бо забони тоҷикӣ фаъолият менамояд, ки дар онҳо фарзандони оилаҳои тоҷиктабори муқими ин давлат ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Онҳо бо таъриху фарҳанг, забону адабиёт, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон огоҳ гардида, бо сарзамини аҷдодии хеш ифтихор мекунанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Август 28, 2023 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Хуросон кишти зироат идома дорад
«Амонатбонк» иқдоми «Файзи Истиқлол-35»-ро пешниҳод намуд
Дар Душанбе «Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026-2030» муаррифӣ гардид
Малакаҳои рақамӣ заминаи рушди иқтисоди рақобатпазири Тоҷикистон мебошанд
Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилалии асъор ҳамкориро дар самти рушди иқтидори захираҳои инсонӣ густариш медиҳанд
Дар Тоҷикистон нақшаи кишти такрорӣ 96 фоиз иҷро гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 300 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ карда шудааст
ҶДММ «Ганҷи Панҷ» дар як сол имкони қабул ва коркарди то 20 ҳазор тонна пахтаро дорад
Ҳавопаймои нави «Boeing 737-8 MAX»-и «Сомон Эйр» дар Душанбе муаррифӣ гардид
Дар деҳаи Рожи ноҳияи Шуғнон неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 3 мегаватт бунёд карда мешавад
Дар минтақаи Кӯлоб дар 204,7 гектар ҷангалзори нав бунёд гардид
Дараи Камароб дорои захираҳои нодири агробиологӣ ва имконияти васеи рушди кишоварзии кӯҳистон аст