Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз бинои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Август 15, 2023 11:48

ДУШАНБЕ, 15.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 15 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Дарвозро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншоот дар масоҳати 310 метри мураббаъ бунëд шуда, аз 2 ошëна иборат мебошад. Корҳои сохтмониро сокинони маҳаллӣ дар асоси талабот ва бо сифати баланд анҷом додаанд. Намои берунаи бино бо нақшу нигори миллӣ оро ëфта, ба талаботи меъмории замони муосир ҷавобгӯ мебошад.

Иншооти наву замонавии муҷаҳҳаз бо лавозимоту таҷҳизоти зарурӣ ба кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Дарвоз имкон медиҳад, ки баҳри татбиқи сиëсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалинамоии нақшаву барномаҳои ободонию бунёдкорӣ ва тарғибу ташвиқи ғояҳои миллӣ фаъолияти назаррас намоянд.

Дар ошëнаи якуми бино ҳуҷраҳои корӣ, маҷлисгоҳ бо 30 ҷои нишаст ва иншооти ëрирасон ҷойгир мебошанд. Дар ошëнаи дуюм бойгонӣ ва китобхона бо адабиёти бадеӣ ва соҳавӣ ташкил шудаанд, ки кормандон метавонанд аз он ба таври васеъ истифода намоянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандонро ба ҳисси масъулияти ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ, саҳм гузоштан дар корҳои ободонию созандагӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатӣ ҳидоят намуда, ба сокинони ватанпарвари ноҳияи Дарвоз барои саҳм гузоштан дар бунёди чунин иншооти замонавӣ изҳори сипос намуданд.
Ифтитоҳи бинои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Дарвоз 15.08.2023

Август 15, 2023 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд