Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 53-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Август 31, 2023 08:22

ДУШАНБЕ, 31.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. 31 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бинои хуштарҳу замонавии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 53-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Муассисаи таълимӣ аз 5 бинои бо ҳам пайвасти 4-ошёна иборат буда, мутобиқ ба меъёрҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар масоҳати 0,76 гектар бунёд ёфтааст ва барои 2400 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Мактаб аз 50 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла кабинетҳои фаннии химия, физика, математика, биология, география, синфхонаҳои лингафонӣ, нақшакашӣ, таълими меҳнат барои писарон ва духтарон, синфхонаи компютерӣ, омодагии дифои ҳарбӣ, толори мусиқӣ ва хореографӣ, озмоишгоҳҳо, китобхона бо толори барҳавои хониш, китобхонаи электронӣ, ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорону кормандони муассиса, равоншинос, нуқтаи тиббӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.

Синфхонаҳои таълимгоҳ дар доираи татбиқи ҳадафҳои “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, солҳои 2020 — 2040 бо таҷҳизоти зарурӣ, аз ҷумла тахтаҳои электронӣ, проектор ва аёнияти замонавии хониш таъмин буда, барои хонандагон шароити хуби таҳсил фароҳам оварда шудааст. Дар синфхонаи компютерии мактаб бо мақсади омӯзиши хуби таҷҳизоти мазкур қисмҳои иловагӣ ва тахтаҳои электронӣ васлу насб гардидаанд.

Китобхонаи замонавии муассисаи таълимӣ бо адабиёти дарсӣ ва бадеӣ таъмин буда, барои хонандагон ҳамчунин толори алоҳидаи китобхонаи электронии ба интернети баландсуръат пайваст ташкил гардидааст, ки ба ин васила хонандагон метавонанд ба хазинаи бойи эҷодиёти шоирону нависандагони ватаниву хориҷӣ дастрасӣ пайдо намоянд. Толори хониши китобхонаи мактаб дорои 160 ҷойи нишаст мебошад.

Дар синфхонаҳои таълими меҳнати духтаронаву писарона, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ таъмин мебошанд, хонандагон дуредгарӣ, кандакорӣ, дӯхтани сару либоси миллиро омӯхта, бо роҳнамоии омӯзгорон таомҳои гуногун омода менамоянд. Барои дӯстдорону алоқамандони санъати тасвирӣ синфхонаи алоҳидаи дарсӣ, ки дар он нозукиҳои рассомию мусиқӣ омӯзонида мешавад, ташкил гардидааст.

Дар назди муассисаи таълимӣ ҳамчунин барои омода намудани кӯдакон ба мактаб маркази инкишофи кӯдак ташкил шудааст, ки дорои аëнияти зиëд мебошад.

Ошхонаи мактаб дар асоси талаботи имрӯза бунёд ёфта, дорои 300 ҷой ва ҳуҷраи алоҳида барои омӯзгорону дигар кормандони муассиса мебошад. Маҷлисгоҳи муассиса бо риояи санъати хоси меъмории миллию муосир оро дода шуда, барои баргузории чорабиниҳои гуногун хеле мувофиқ аст. Ин толор дорои 500 ҷойи нишаст буда, бо мизу курсии босифат ва дигар таҷҳизоти замонавӣ таъмин мебошад.

Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ташвиқи намудҳои гуногуни варзиш дар байни насли наврас дар мактаб толори бошукуҳу барҳавои варзишӣ бо 210 ҷойи нишаст сохта шудааст. Толори варзишӣ барои бозиҳои футболи хурд, волейбол ва баскетбол пешбинӣ гардида, ҳуҷраҳои либосивазкунӣ дорои шароити замонавӣ мебошанд.

Дар мактаб 80 нафар, аз ҷумла беш аз 60 мутахассис ба ҳайси омӯзгор бо ҷойи кор таъмин гардида, бо истифода аз имконоти мавҷуда хонандагонро дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва илмдӯстӣ тарбия менамоянд.

Даргоҳи нави маърифат дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва иқдомҳои бунёдкоронаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи “Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна” бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ бунёд гардидааст.

Муассисаи нави таълимӣ туҳфаи арзишманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи Рӯзи дониш ва таҷлили 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои наврасон ба ҳисоб рафта, аз пешрафти соҳаи маориф дар пойтахт шаҳодат медиҳад.

Бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва биноҳои иловагӣ дар пойтахти мамлакат дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ибтикори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ босуръат идома дошта, ин иқдоми созанда ба ҳалли ботадриҷи норасоии ҷойи нишаст мусоидат мекунад.

Мавриди тазаккур аст, ки танҳо имрӯз дар пойтахти мамлакат бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 6 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо 3 ҳазору 380 ҷойи нишаст ва 2 муассисаи томактабӣ барои 350 нафар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Ҳамчунин дар шаҳри Душанбе ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 13 муассисаи таълимӣ барои 13 ҳазору 716 нафар хонанда дар як баст идома дорад, ки самараи дастгирӣ ва таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат нисбат ба соҳаи маориф мебошад.

Корҳои сохтмонию паймонкорӣ дар мактаб бо ҷалби беш аз 160 нафар мутахассиси Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ҳамсафар” аз рӯи лоиҳаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Пажӯҳишгоҳи илмӣ ва лоиҳакашию ҷустуҷӯии САНИИОСП” дар муҳлати муайянгардида ба анҷом расонида шудааст. Дар муассиса хати алоҳидаи барқ кашида шуда, ду трансформатор- ҳар яке бо иқтидори 250 кВт васлу насб гардидааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо имконияти фароҳамгардида дар мактаби навбунёд ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба мутахассисони ватанӣ барои саҳм гузоштан дар раванди тадбирҳои созандагӣ ва бунёди мактаби муосир изҳори сипос намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзгорони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53 дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанберо ба ҳисси баланди масъулият, истифодаи пурсамар аз шароити мавҷуда ҷиҳати тарбияи наврасон дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ ҳидоят намуданд.

Ифтитоҳи бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53 дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе 31.08.2023

Август 31, 2023 08:22

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хоруғ Маркази стоматологӣ кушода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Фестивали асал, картошка ва анор дар вилояти Суғд иштирок намуданд
Дар Хуҷанд якчанд иншооти хизматрасонӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи «Сайри Суғд»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази нейро-кардию эндоҷарроҳии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Дар деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров варзишгоҳи бузург бо 7000 ҷойи нишаст ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Истаравшан Маркази саломатӣ ба истифода дода шуд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муассисаи давлатии мактаби махсуси варзишӣ оид ба футболро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ «Фароғатбону»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи парандапарварии ҶДММ «Назар»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли пардаҳои полиэтилении ҶДММ «Технологияи полимерӣ» оғоз бахшиданд