Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ Корхонаи истеҳсоли сангҳои сохтмонро ба истифода дода, бо намоиши маҳсулоти корхонаҳои саноатии ВМКБ шинос шуданд

Август 17, 2023 08:06

ДУШАНБЕ, 17.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 17 август дар шаҳри Хоруғ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суман”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо рафти истеҳсолот шинос гардиданд.

Корхонаи мазкур бо истифода аз технологияи муосири соҳавӣ ба истеҳсоли сангҳои сохтмонӣ ва ороишӣ машғул аст.

Ҷамъият имконият дорад, ки дар як рӯз то 80 метри мураббаъ ва дар як моҳ то 2400 метри мураббаъ сангҳои ороишӣ ва дигар масолеҳи сохтмонӣ истеҳсол ва пешниҳоди харидорон намояд.

Дар корхона муосиртарин хатҳои истеҳсолӣ аз ширкатҳои маъруфи Ҷумҳурии Мардумии Чин насб гардидаанд. Дар ҳоле, ки корҳои ободониву созандагӣ дар мамлакат авҷ мегиранд, талабот ба ин номгӯи маҳсулот дар ҳудуди вилоят ва ҳам дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ зиёд аст.

Кӯҳҳои сарбафалаккашидаи Бадахшон манбаи асосии таъмини ашёи хоми корхонаи мазкур буда, мавриди истифода қарор додани он ба рушди истеҳсолот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ муосидат менамояд.

Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суман” коркарди 8 намуди санги гранит, 2  намуди санги сланес, 2 навъи офикалсит ва 3  намуди санги мармар ба роҳ монда шудааст.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суман” аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Эдӣ Фироғатов бунёд гардида, дар он 70 нафар сокини маҳаллӣ, ки нозукии кор бо дастгоҳҳои корхонаро омӯхтаанд, соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб гардиданд.

Корхона дар ҳудуди Минтақаи саноатии шаҳри Хоруғ дар масоҳати 1,5 гектар бунёд шудааст. Ифтитоҳи корхона идомаи татбиқи “Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” буда, дар марҳилаи нави рушди шаҳри Хоруғ ба фаъолият оғоз намудани он ба баланд гардидани иқтидори истеҳсолӣ мусоидат намуд.

Ҳамчунин ба хотири рушд додани истеҳсолот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар Минтақаи саноатии “Тем”-и шаҳри Хоруғ аз ҷониби дигар соҳибкорону сармоягузорон бунёди боз 4 корхонаи дигар ба нақша гирифта шудааст.

Маҳсулоти корхона дар дохили биноҳо, зебу оро додани роҳраву кӯча ва девори биноҳо истифода бурда мешавад. Ҳамчунин корхонаи навтаъсис барои пештоқи тирезаҳо ва болои миз низ аз сангҳои табиӣ бо намои зебо маҳсулот омода менамояд.

Бояд гуфт, ки то ба фаъолият оғоз намудани корхонаи мазкур ин намуди маҳсулот асосан аз хориҷи мамлакат ворид мешуд. Акнун масъулони корхона ният доранд, ки на танҳо маҳсулоти ивазкунандаи воридот истеҳсол намоянд, балки дар оянда содироти онро ба хориҷи мамлакат низ амалӣ намоянд.

Зимни боздид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳмгузории чунин соҳибкорони ватандӯсту ободкори маҳаллиро дар рушди истеҳсолот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ намунаи ибрату қобили дастгирӣ хонда, барои равнақ додани фаъолияти корӣ дар оянда ба онҳо дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз намоиши маҳсулоти корхонаҳои саноатии вилоят дидан намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар 6 моҳи соли равон корхонаҳои саноатии вилоят ба маблағи 75,1 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд. Дар ҳудуди вилоят феълан 88 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, корҳо дар самти таъсиси корхонаҳои саноати нассоҷӣ, металлургияи рангаву сиёҳ, саноати сабук ва хӯрокворӣ, маҳсулоти сохтмонӣ ва мошинсозӣ идома доранд.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки то таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди вилоят сохтмону баистифодадиҳии 92 корхонаи дигари саноатӣ бо 1440 ҷойи нави кор дар назар дошта шудааст, ки ин нақша низ давра ба давра бо дастгирии Ҳукумати мамлакат амалӣ гашта истодааст. Аллакай дар 6 моҳи соли равон дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят 6 корхонаи нав ба фаъолият оғоз намуда, ин нишондиҳанда то анҷоми соли раовн ба 29 адад расонида мешавад.

Дар айни замон дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар самти ташкили корхонаҳо бо технологияи муосир, таъсиси паркҳои инноватсиониву технологӣ, марказҳои коркарди иттилоот ва ба ин васила таъсис додани ҷойҳои кории нав ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии дорои арзишҳои баланди иловашуда дар ҳудуди вилоят андешидани тадбирҳо идома дорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба ҳадафҳои дарпешгузошта, аз ҷумла зиёд намудани теъдоди корхонаҳои саноатӣ, мавриди коркарди пурра қарор додани ашёи хоми маҳаллӣ ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ба масъулин дастуру супоришҳои махсус доданд.

Ба истифода додани Корхонаи истеҳсоли сангҳои сохтмонӣ дар шаҳри Хоруғ ва боздид аз намоиши маҳсулоти корхонаҳои саноатии ВМКБ 17.08.2023

Август 17, 2023 08:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Конибодом сохтмони се кӯдакистон оғоз гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар паради ҳарбӣ ба муносибати 32-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паради ҳарбӣ ба муносибати 32-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз парваришгоҳи «Кишвари сабз» боздид намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эътимодномаҳои сафирони навтаъйини як қатор давлатҳои хориҷиро қабул намуданд
Афсарону сарбозон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанг ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ шинос шуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ сохтмони иншооти гуногун идома дорад
«GULFOOD». Аз Тоҷикистон дар ин намоишгоҳи байналмилалии ғизо ва нӯшокиҳо 11 корхонаи коркарди меваи хушк иштирок дорад
Дар шаҳри Истиқлол корхонаи нави металлургӣ сохта мешавад
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Гулистон корхонаи нави коркарди партов бунёд мегардад
Ширкатҳои саноати нассоҷии Тоҷикистон дар намоишгоҳи бузурги ҷаҳонии «Bharat Tex-2025»-и Ҳиндустон иштирок доранд