Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ Корхонаи истеҳсоли сангҳои сохтмонро ба истифода дода, бо намоиши маҳсулоти корхонаҳои саноатии ВМКБ шинос шуданд

Август 17, 2023 08:06

ДУШАНБЕ, 17.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 17 август дар шаҳри Хоруғ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суман”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо рафти истеҳсолот шинос гардиданд.

Корхонаи мазкур бо истифода аз технологияи муосири соҳавӣ ба истеҳсоли сангҳои сохтмонӣ ва ороишӣ машғул аст.

Ҷамъият имконият дорад, ки дар як рӯз то 80 метри мураббаъ ва дар як моҳ то 2400 метри мураббаъ сангҳои ороишӣ ва дигар масолеҳи сохтмонӣ истеҳсол ва пешниҳоди харидорон намояд.

Дар корхона муосиртарин хатҳои истеҳсолӣ аз ширкатҳои маъруфи Ҷумҳурии Мардумии Чин насб гардидаанд. Дар ҳоле, ки корҳои ободониву созандагӣ дар мамлакат авҷ мегиранд, талабот ба ин номгӯи маҳсулот дар ҳудуди вилоят ва ҳам дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ зиёд аст.

Кӯҳҳои сарбафалаккашидаи Бадахшон манбаи асосии таъмини ашёи хоми корхонаи мазкур буда, мавриди истифода қарор додани он ба рушди истеҳсолот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ муосидат менамояд.

Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суман” коркарди 8 намуди санги гранит, 2  намуди санги сланес, 2 навъи офикалсит ва 3  намуди санги мармар ба роҳ монда шудааст.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суман” аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Эдӣ Фироғатов бунёд гардида, дар он 70 нафар сокини маҳаллӣ, ки нозукии кор бо дастгоҳҳои корхонаро омӯхтаанд, соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб гардиданд.

Корхона дар ҳудуди Минтақаи саноатии шаҳри Хоруғ дар масоҳати 1,5 гектар бунёд шудааст. Ифтитоҳи корхона идомаи татбиқи “Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” буда, дар марҳилаи нави рушди шаҳри Хоруғ ба фаъолият оғоз намудани он ба баланд гардидани иқтидори истеҳсолӣ мусоидат намуд.

Ҳамчунин ба хотири рушд додани истеҳсолот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар Минтақаи саноатии “Тем”-и шаҳри Хоруғ аз ҷониби дигар соҳибкорону сармоягузорон бунёди боз 4 корхонаи дигар ба нақша гирифта шудааст.

Маҳсулоти корхона дар дохили биноҳо, зебу оро додани роҳраву кӯча ва девори биноҳо истифода бурда мешавад. Ҳамчунин корхонаи навтаъсис барои пештоқи тирезаҳо ва болои миз низ аз сангҳои табиӣ бо намои зебо маҳсулот омода менамояд.

Бояд гуфт, ки то ба фаъолият оғоз намудани корхонаи мазкур ин намуди маҳсулот асосан аз хориҷи мамлакат ворид мешуд. Акнун масъулони корхона ният доранд, ки на танҳо маҳсулоти ивазкунандаи воридот истеҳсол намоянд, балки дар оянда содироти онро ба хориҷи мамлакат низ амалӣ намоянд.

Зимни боздид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳмгузории чунин соҳибкорони ватандӯсту ободкори маҳаллиро дар рушди истеҳсолот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ намунаи ибрату қобили дастгирӣ хонда, барои равнақ додани фаъолияти корӣ дар оянда ба онҳо дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз намоиши маҳсулоти корхонаҳои саноатии вилоят дидан намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар 6 моҳи соли равон корхонаҳои саноатии вилоят ба маблағи 75,1 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд. Дар ҳудуди вилоят феълан 88 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, корҳо дар самти таъсиси корхонаҳои саноати нассоҷӣ, металлургияи рангаву сиёҳ, саноати сабук ва хӯрокворӣ, маҳсулоти сохтмонӣ ва мошинсозӣ идома доранд.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки то таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди вилоят сохтмону баистифодадиҳии 92 корхонаи дигари саноатӣ бо 1440 ҷойи нави кор дар назар дошта шудааст, ки ин нақша низ давра ба давра бо дастгирии Ҳукумати мамлакат амалӣ гашта истодааст. Аллакай дар 6 моҳи соли равон дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят 6 корхонаи нав ба фаъолият оғоз намуда, ин нишондиҳанда то анҷоми соли раовн ба 29 адад расонида мешавад.

Дар айни замон дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар самти ташкили корхонаҳо бо технологияи муосир, таъсиси паркҳои инноватсиониву технологӣ, марказҳои коркарди иттилоот ва ба ин васила таъсис додани ҷойҳои кории нав ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии дорои арзишҳои баланди иловашуда дар ҳудуди вилоят андешидани тадбирҳо идома дорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба ҳадафҳои дарпешгузошта, аз ҷумла зиёд намудани теъдоди корхонаҳои саноатӣ, мавриди коркарди пурра қарор додани ашёи хоми маҳаллӣ ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ба масъулин дастуру супоришҳои махсус доданд.

Ба истифода додани Корхонаи истеҳсоли сангҳои сохтмонӣ дар шаҳри Хоруғ ва боздид аз намоиши маҳсулоти корхонаҳои саноатии ВМКБ 17.08.2023

Август 17, 2023 08:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Вашингтон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Душанбе бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир шуд
РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ ДАР ТОҶИКОБОД. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 27 маротиба афзоиш ёфт
Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ҷашни Истиқлоли давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
ПЕШВОИ САОДАТОФАР ВА МИЛЛАТИ САОДАТМАНД. Мулоҳизаҳо оид ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
Дар Ҳисор маркази забономӯзӣ, муассисаҳои таълимӣ ва нуқтаҳои тиббию дандонпизишкӣ ба истифода дода шуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Даромади буҷети давлатӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 250 баробар зиёд гардид»
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба талаботи асри технология мутобиқ гардидааст
Дар Токио 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Федератсияи Русия барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
НАҚШИ БОРИЗИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ЭЪМОРИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН. Андешаҳо дар ин маврид
Соли 2026 дар вилояти Хатлон беш аз 200 муассисаи таълимӣ ба истифода дода мешавад