Шарҳи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи манъ намудани воридоти воситаҳои нақлиёти автомобилии соли бароришашон то соли 2013 ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Август 2, 2023 11:35

ДУШАНБЕ, 02.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҷдиди парки нақлиётӣ, беҳтар гардидани сифати хизматрасонӣ, пешгирӣ намудани ҳолатҳои садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳо, ҳифзи муҳити зист ва коҳиш додани ҳаҷми партовҳо, зарур шуморид, ки воридоти воситаҳои нақлиёти автомобилии соли бароришашон то соли 2013 ба ҳудуди ҷумҳурӣ манъ карда шавад.

Дар ин робита қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2023, №355 «Дар бораи манъ намудани воридоти воситаҳои нақлиёти автомобилии соли бароришашон то соли 2013 ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид.

Муқаррароти қарор нисбат ба автомобилҳои барои интиқоли мусофирон, автомобилҳои сабукрав, автомобилҳо барои интиқоли борҳо ва автомобилҳои таъиноти махсусдошта татбиқ мегардад.

Айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон теъдоди зиёди воситаҳои нақлиёти куҳна дар истифода қарор доранд, ки манбаи асосии партовҳои моддаҳои зарарнок ба ҳаво ба шумор мераванд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки қисми зиёди партовҳои моддаҳои зарарнок ба ҳаво асосан аз ҳисоби истифодаи нақлиёти автомобилии кӯҳна хориҷ мешавад. Инчунин аксарияти садамаҳои нақлиётӣ тавассути нақлиёти автомобилии куҳна рӯй дода истодааст.

Бо дарназардошти маълумоти дарҷгардида, қабули санади мазкур муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ мегардад.

Август 2, 2023 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон шуданд
Анҷоми сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сармоягузорону соҳибкорони кишвар мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони мамлакат
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд