Шоми имрӯз дар Боғи «Низомиддин Алишери Навоӣ» тантанаҳои фарҳангии шаҳри Гулистон баргузор мегарданд

Август 5, 2023 11:37

ДУШАНБЕ, 05.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз дар Боғи «Низомиддин Алишери Навоӣ»-и шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллии шаҳри Гулистон баргузор гардид, ки аз ҷониби сокинони пойтахт ба қаноатмандӣ ва хушҳолӣ пазируфта шуд, — хабар медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» аз макони баргузории намоиш.

Тибқи нақшаи баргузории намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву адабии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе, ки аз тарафи роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, ин навбат барои сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе кишоварзони шаҳри Гулистон маҳсулоти кишоварзиро бо нархи арзон ва сифати хуб пешниҳод намуданд. Аз ҷумла, 5 тонна орд бо нархи 200 сомонӣ барои як халтаи 50 килоӣ, 2 тонна пиёз бо нархи 1,5 сомонӣ барои 1 кг, 2 тонна картошка бо нархи 3 сомонӣ барои 1 кг, 2 тонна сабзӣ бо нархи 2 сомонӣ барои 1 кг, 300 кг гӯшти гӯсфанд бо нархи 55 сомонӣ барои 1 кг, 300 кг гӯшти гов бо нархи 55 сомонӣ барои 1 кг, 2 тонна гӯшти мурғ бо нархи 20 сомонӣ барои 1 кг, 5 ҳазор дона тухм бо нархи 66 дирам барои 1 дона, 300 дона тарбуз ва 300 дона харбуза бо нархи 10 сомонӣ барои 1 дона ба савдо бароварда шуданд.

Дар баробари фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ҳамчунин дар саҳни Боғи «Низомиддин Алишери Навоӣ» намоиш ва фурӯши намунаи ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ, нонҳои гуногун, шириниҳо ва пухтупази хонагӣ, инчунин сарулибоси мактабӣ ва қолинҳои машҳури Қайроққум баргузор гардид. Дар намоиши мазкур донишҷӯёну омӯзгорони Коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон низ иштирок карда, ба сокинону меҳмонон оид ба фаъолияти Коллеҷи тиббӣ, заминаҳои моддиву фаннии он маълумоти ҷолиб доданд.

Бояд гуфт, ки баъд аз анҷоми намоиши мазкур роҳбарияти шаҳри  Гулистон ба нишони эҳтиром дар назди муҷассамаи Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ ва Низомиддин Алишери Навоӣ гулчанбар гузоштанд.

Ёдовар мешавем, ки шоми имрӯз дар боғи мазкури пойтахти мамлакат барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ бо иштироки санъаткорони шаҳри Гулистон гузаронида мешавад.

А.САНГЗОДА,
Тоҳир САИД (АКС)
АМИТ «Ховар»

Август 5, 2023 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо мавзеъҳои таърихию сайёҳии минтақаи Кӯлоб шинос шуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи дуюмин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) иштирок намуданд
Раиси шаҳри Душанбе бо Раиси шаҳри Шероз мулоқот намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо дастовардҳои сокинони вилояти Суғд шинос шуданд
Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳии шаҳри Ваҳдат ва дараи Ромит шинос гардиданд
Олимпиадаи даставӣ барои дарёфти «Ҷоми Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» доир гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Душанбе беш аз 6500 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Кормандони мақомоти шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳӣ ва инфрасохтори энергетикии шаҳри Норак шинос шуданд
Барои кормандони сохторҳои пойтахт ба мавзеъҳои сайёҳии Балҷувон ва Ховалинг хатсайр ташкил гардид
Дар Душанбе 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ботантана ҷашн гирифта мешавад
Аз Душанбе 138 нафар ба даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» роҳхат гирифт
Ҳамкории шаҳри Душанбе бо шаҳри Чонгчини Чин баррасӣ гардид