Шуруъ аз имрӯз ба таври нақдӣ қабул намудани пардохти хизматрасонии музднок дар Тоҷикистон манъ мегардад
ДУШАНБЕ, 01.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз имрӯз, 1 август дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасонии тиббӣ, хизматрасонии коммуналӣ, намудҳои дигари хизматрасонии давлатӣ, инчунин қабули маблағҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилоти давлатӣ тариқи ғайринақдӣ амалӣ мешавад.
Инчунин аз ҷониби вазорату идораҳо, ташкилоти давлатӣ ва ташкилоти қарзии молиявии ҷумҳурӣ ба таври нақдӣ қабул намудани пардохти хизматрасонии музднок манъ мегардад.
Иқдоми мазкур саривақтӣ ва муҳим буда, пеш аз ҳама, барои таъмини шаффофияти амалиёти молиявӣ, ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ, пешгирии омилҳои коррупсионӣ, мусоидат ба рушди бахши молиявӣ, тавсеаи фарогирии молиявӣ дар мамлакат ва баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ заминаи воқеӣ мегузорад.
Ба АМИТ «Ховар» дар Корхонаи воҳидаи давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» иттилоъ доданд, ки ҷиҳати тақвияи инфрасохтори зарурӣ барои пардохти ғайринақдии андозҳо, боҷҳои давлатӣ, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмӣ, хизматрасонии коммуналӣ ва намудҳои дигари хизматрасонии давлатӣ дар филиалҳо, марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва биноҳои нозироти андоз, дар маҷмуъ 853 адад постерминал, аз ҷумла 820 адад дар филиалҳои бонк ва 33 адад дар нозироти андоз насб шудаанд.
Дар асоси фармони мазкур инчунин Бонки миллии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ташкилоти давлатӣ ва ташкилоти қарзии молиявии ҷумҳурӣ муваззаф гардида буданд, ки инфрасохтори заруриро барои қабули пардохтҳои ғайринақдии худ то 1 августи соли 2023 таҳия, ташкил ва таъмин намоянд.
АКС: «Амонатбонк»








Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1030 то 0.1144 сомонӣ муқаррар шудааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад






