«СОЛИМӢ ВА ДАРОЗУМРӢ БО УСУЛИ ГИЁҲДАРМОНӢ». Дар ноҳияи Айнӣ ва шаҳри Панҷакент Анҷумани VIII байналмилалӣ баргузор гардид

Август 31, 2023 16:08

ДУШАНБЕ, 31.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз 25 то 27 август дар ноҳияи Айнӣ ва шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20-умин солгарди Ассотсиатсияи касбии тибби анъанавӣ бо иштироки мутахассисони тибби халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Солимӣ ва дарозумрӣ бо усули гиёҳдармонӣ» Анҷумани VIII байналмилалии Иттифоқи байналмилалии нависандагон ва табибон доир гардид. Дар ин хусус  хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.

Анҷумани мазкур дар осоишгоҳи табобатию истироҳатӣ, воқеъ дар  мавзеи Путхини ноҳияи Айнӣ доир гардида, дар кори он аъзою фаъолони Иттифоқи байналмилалии нависандагон ва табибон аз Тоҷикистон, Қазоқистон ва Узбекистон, табибони касбиву халқӣ, олимон, аъзои Ассотсиатсияи касбии тибби анъанавӣ, мутахассисони тибби халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохилу хориҷӣ иштирок намуданд.

Роҳбари Ассотсиатсияи касбии тибби анъанавӣ, мутахассиси тибби халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Муллозуҳур Тоҳирӣ ба ифтихори 32 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20-умин солгарди таъсиси ассотсиатсияи мазкур меҳмонон ва ҳозиринро шодбош гуфта, барои баланд бардоштани руҳияи касбии табибони ассотсиатсия аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бахшида ба Рӯзи табибон соли 2020 иброз дошта буданд, чунин иқтибос овард:

“Борҳо таъкид кардаам ва боз такрор мекунам, ки табибон охирин даргоҳи умеди шахсони бемор мебошанд. Онҳо на танҳо бо донишу малакаи касбӣ, балки бо сухани нарму лафзи ширин, нигоҳи гарму дили пурмеҳр бояд беморонро шифо бахшанд. Муоширати хуб ва муносибати ҳалимона нисбат ба бемор ними табобат буда, ба ӯ қувват мебахшад ва дардашро сабук мегардонад”.

Ҳамзамон зимни Анҷумани VIII байналмилалӣ мавзуи “Солимӣ ва дарозумрӣ бо усули гиёҳдармонӣ” мавриди баррасӣ қарор гирифта, таъкид гардид, ки имрӯз дар тамоми ҷаҳон таваҷҷуҳ ба гиёҳдармонӣ зиёд шудааст. Зеро он нисбат ба табобати химиявӣ афзалтар ва таъсири ногувораш камтар аст. Гиёҳҳо ба ихроҷи токсинҳо аз бадан мусоидат менамоянд.

Таъкид гардид, ки Пешвои миллат пайваста зимни вохӯрӣ бо аҳли тибби мамлакат таъкид менамоянд, ки бо вуҷуди он ки дар мамлакати мо зиёда аз 3500 намуди гиёҳҳои табобатӣ мерӯянд, ҷараёни коркард ва пешниҳоди онҳо ба мардум қонеъкунанда нест. Аксари кишварҳои пешрафта гиёҳҳоро на танҳо барои омода намудани доруворӣ, балки барои истеҳсоли маҳсулоти гуногуни атторӣ, аз ҷумла собун, атр, гулоб, хокаҳои гуногуни дандоншӯӣ ва ғайра васеъ истифода мебаранд. Дар сарзамини хуршедии мо, ки    чунин гиёҳҳо фаровон мебошанд,  мо бояд аз онҳо дар истеҳсоли маҳсулоти ороишӣ ва  табобати аҳолӣ васеътар истифода барем. Бояд худамон  ин маҳсулотро истеҳсол намоем, ки он ба фаровониву арзонии ин маҳсулот дар бозор ва ҳам таъсиси садҳо ҷойи кор дар мамлакат  мусоидат менамояд.

Пешниҳод шуд, ки  гиёҳчойҳо на танҳо дар дорухонаҳо, балки дар тамоми мағозаҳо ба фурӯш бароварда шаванд. Ин гиёҳчойҳо  зараровар набуда, баръакс манфиатбахшанд ва нархи гарон низ надоранд.

Ба андешаи иштирокдорони анҷуман, таҷрибаи рӯзгор собит  намудааст, ки ҳифзи саломатӣ беҳтар аз муолиҷа  аст. Ҳамчунин   интихоби  тарзи дурусти ҳаёт ва ғизои солим яке аз  роҳҳои одитарин ва осони эмин мондан аз бемориҳо мебошад.

Дар рӯзи аввали кори анҷуман 8 масъала мавриди муҳокима ва омӯзиш қарор гирифта, дар он меҳмонон аз Қазоқистон, Узбекистон ва олимону табибони халқии ватанӣ андешаронӣ намуданд.

Рӯзи дуюми анҷуман омӯзишиву амалӣ буда, гурӯҳи иштирокчиён ҷиҳати шиносоӣ бо гулу гиёҳҳои шифобахш ба мавзеъҳои баландкӯҳи мавзеи Путхини ноҳияи Айнӣ сафар намуданд.  Рӯзи дуюм пас аз омӯзиши гулу гиёҳ дар фазои кушоди табиат якчанд машқҳои табобатӣ, ки унсури калидии тибби анъанавӣ маҳсуб мешаванд, ба иштирокчиён омӯзонида шуданд.

Рӯзи сеюми анҷуман мутобиқи нақша рӯзи шиносоӣ бо мавзеъҳои таърихиву сайёҳӣ ва коргоҳи истеҳсолии балзам ва маҳлулҳои табобатии аз гиёҳ омодашаванда дар  шаҳри Панҷакент буд. Меҳмонон дар шаҳри Панҷакент бо  мавзеъҳои таърихиву сайёҳӣ, аз ҷумла оромгоҳ, осорхона, китобхона ва боғи Соҳибқирони шоирон Устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ  дар мавзеи Панҷрӯди шаҳри Панҷакент шинос шуданд.

Ҳамзамон гурӯҳи иштирокчиёни анҷуман бо раванди кори истеҳсолии ҶДММ “Парандис”, ки яке аз корхонаҳои пешқадами КВД “Хӯрокворӣ”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад, шинос шуданд. Дар коргоҳи мазкур ба иштирокчиён тарзи омода намудани балзамҳои табобатии аз гиёҳ омодашуда ва дигар коргоҳҳои истеҳсолӣ нишон дода шуда, дар толори маҷлисгоҳи он ҷаласаи ҷамъабастии Анҷумани VIII байналмилалӣ доир гардид.

Дар фарҷоми кори анҷуман ба иштирокчиён ҷиҳати баланд бардоштани касбияти тиббӣ сертификат ва ба табибони муваффақи соҳа дипломи “Беҳтарин табиби халқӣ дар соли 2023” тақдим гардид.

АКС аз манбаъҳои боз

Август 31, 2023 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» дар 10 моҳ 8 корхонаи саноатӣ фаъолият намудааст
Дар деҳаи Сангпари Ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб Маркази хизматрасонӣ ва дорухонаи байтории замонавии «Рахш» ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд вобаста ба масъалаҳои мубрами назарӣ ва амалии фанҳои санъати тасвирӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Деҳаи Хуҷабулоқи ноҳияи Балҷувон соҳиби мактаби замонавӣ гардид
Дар деҳаи Қалъаи Лаби оби ноҳияи Тоҷикобод Маркази фарҳангӣ-фароғатӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Ваҳдат бинои Маркази ташхиси санитарию эпидемиологӣ ба истифода дода мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Чорбоғи шаҳри Панҷакент бинои беморхонаи минтақавӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Маркази ёрии таъҷилӣ бунёд мегардад
Дар ноҳияи Шаҳритус корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ вусъат меёбанд
Дар ноҳияи Айнӣ бинои нави маъмурии кумитаи идораи замин ва корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» ифтитоҳ ёфт
ВУСЪАТИ БУНЁДИ ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ. Дар ноҳияи Данғара биноҳои нави 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ мавриди истифода қарор дода шуд
Дар арафаи Рӯзи Парчами давлатӣ дар деҳаи Пшихарви ноҳияи Ванҷ бунгоҳи тиббӣ ба истифода дода шуд