Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия ба кормандони филиалҳои «Амонатбонк» дар Бадахшон тавзеҳ дода шуд

Август 23, 2023 18:20

ДУШАНБЕ, 23.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлуҳои асосии «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дар маркази маъмурии  Вилояти Мухтори  Кӯҳистони Бадахшон- шаҳри Хоруғ зимни ҳамоиш ба кормандони  филиалҳои Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар ин минтақа тавзеҳ дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Амонатбонк» иттилоъ медиҳад.

Дар ҳамоиш  таъкид шуд, ки мақсад ва вазифаи асосии амалисозии Стратегияи мазкур аз баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ ва фароҳам овардани фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия, бартараф намудани сабабу шароити ба коррупсия мусоидаткунанда, паст намудани шиддати коррупсия дар ҷумҳурӣ иборат буда, ба рушди арзишҳои демократӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум равона гардидааст.

Гуфта шуд, ки воситаи асосии таъмини муборизаи ошкоро бар зидди коррупсия- ин тақвияти шаффофияти фаъолияти кормандони филиалҳо, инчунин таъмини дастрасӣ ба иттилоот, гузаронидани чорабиниҳо барои таъсиси фазои умумии тоқатнопазирӣ нисбат ба зуҳуроти коррупсия, баланд бардоштани фаъолнокии кормандон ҷиҳати мубориза бо коррупсия маҳсуб мешавад.

Вобаста ба тартиб ва дар амал иҷро намудани нақшаи чорабиниҳои Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» оид ба «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» барои соли 2023 кормандони филиалҳои «Амонатбонк» ҷиҳати иҷрои сифатнок ва саривақтии бандҳои нақшаи мазкур даъват шуданд.

АКС: «Амонатбонк»

 

Август 23, 2023 18:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад