Теъдоди ҳалокшудагон дар натиҷаи сӯхтори ҷангал дар Гавайя аз 50 нафар гузашт

Август 11, 2023 14:26

ДУШАНБЕ, 11.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи сӯхтор  дар ҷазираҳои Гавайя 53 нафар ба ҳалокат расиданд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин хусус идораи ноҳияи Мауи (иёлати Гавайя) хабар додааст.

«Дар пасманзари идомаи талошҳо барои мубориза бо сӯхтор ҳалок гардидани 17 нафари дигар таъйид шудааст. Ҳамин тариқ, шумораи ҳалокшудагон ба 53 нафар расид», — омадааст дар изҳорот.

Қаблан дар бораи ҳалок шудани 36 нафар маълумот расида буд. Сафорати Русия дар Вашингтон аз департаменти давлатӣ дар бораи эҳтимоли ҳузур доштани ҳамватанонашон дар байни ҳалокшудагон маълумот дархост намуд.

АКС аз манбаъҳои боз

Август 11, 2023 14:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд