ВОРИСОНИ СИНО. Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ 50 корманди фаъоли соҳаи тиб қадрдонӣ гардид

Август 17, 2023 10:40

ДУШАНБЕ, 17.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба 50 нафар кормандони соҳаи тиб, ки дар ноҳия фаъолияти намунавӣ  доранд, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Тазаккур дода шуд, ки соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон ба шумор рафта, дар даҳсолаи охир бомаром рушд намуда ва имрӯз ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст.

Таъкид шуд, ки давоми солҳои охир бо таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти олии мамлакат, хосса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ соҳаи тандурустии пойтахт ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Давоми сол шумораи зиёди кормандони соҳаи тандурустӣ аз даврҳои такмили ихтисос гузашта, корро бо муосиртарин дастгоҳҳои тиббӣ омӯхтанд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар сохтори тандурустии пойтахт дар айни замон 61 муассисаи табобатию пешгирӣ фаъолият менамоянд, ки инҳо 16 беморхона, 2 маркази дастгирии оила ва кӯдак, 15 маркази саломатии шаҳрӣ, 4 маркази стоматологӣ, 12 муассисаи соҳавӣ, 5 маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, 3 стансияи дезинфексионӣ ва 4 муассисаи ёрирасон мебошанд.

Дар 16 муассисаи табобатӣ  2779 кати муолиҷавӣ мавҷуд аст. Дар 2 маркази дастгирии оила ва кӯдак бо 200 кат кӯдакони бепарастор ва аз оилаҳои ниёзманди то 7-сола бистарӣ мешаванд. Аз ин шумора 919 катҳо терапевтӣ, 614 кати ҷарроҳӣ, 505 кати акушер-гинекологӣ ва 741 кат педиатрӣ мебошанд.

Ҳамзамон гуфта шуд, ки дар сохтори соҳаи тандурустии шаҳр дар давраи ҳисоботӣ 3664 нафар табибон ва 5954 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият доранд. Дар ин давра 572 нафар, аз ҷумла 221 нафар табибон ва 351 корманди миёнаи тиб дар муассисаҳои тандурустии пойтахт бо кор таъмин шудаанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ

 

Август 17, 2023 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид