32-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ барномаи идонаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 07.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба муносибати 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи идонаи ҷашнӣ баргузор гардид, ки дар он сокинон ва фаъолони пойтахт иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти ноҳияи мазкур хабар доданд.
Дар оғози барнома намояндагон бо намоиши дастовардҳои соҳаҳои гуногуни ноҳия шинос шуданд.
Дар ҳамоиши идона таъкид гардид, ки Истиқлолияти давлатӣ барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.
Изҳор шуд, ки яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони Истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявӣ дорад.
Дар ҳамоиш дар баробари масъулин кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, соҳаи тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ иштирок намуда, намоиши ҳунарҳои мардумиро ташкил намуданд, ки ба сокинону меҳмонони пойтахт писанд омад. Ҳамзамон дар идома ба як зумра фаъолон ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ғолибони озмунҳои шаҳрии «Маҳаллаи беҳтарин», «Кӯчаи беҳтарин», «Беҳтарин муассисаи таълимӣ дар самти корҳои ободонӣ» диплому ҷоизаҳо супорида шуданд.
Дар охир барномаи ҷолиби консертии аҳли фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ пешниҳод гардид.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ










СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Восеъ иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст






