Дар Самарқанд таҳти раёсати Тоҷикистон иҷлосияи XXVI Шурои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини ИДМ оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 22.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон иҷлосияи XXVI Шурои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор оғоз намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҷаласаро Раиси Шурои байниҳукуматии ИДМ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замин, Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода ифтитоҳ намуд.
Дар ҷаласа ҳисобот оид ба фаъолияти Шурои байниҳукуматии ИДМ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замин дар давраи байни ҷаласаҳои XXV ва XXVI шунида мешавад.
Ёдовар мешавем, ки 21 сентябр дар доираи иҷлосияи XXVI Шурои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замин, инчунин дар доираи Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминӣ байни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии федералии истифодаи сарватҳои зеризаминии Федератсияи Русия (Роснедра) барои солҳои 2023-2025 мулоқоти кории Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода бо директори Агентии федералии истифодаи сарватҳои зеризаминии Федератсияи Русия (Роснедра) Евгений Петров доир гардид.
Дар мулоқот татбиқи барнома тӯли як сол, инчунин масъалаҳои мубодилаи таҷриба оид ба коркарди иттилооти геологӣ дар бораи сарватҳои зеризаминӣ (қаъри замин), мубодилаи иттилооти геологӣ дар бораи сарватҳои зеризаминӣ (қаъри замин), мубодилаи маълумот дар бораи махзанҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва методии истифодаи сарватҳои зеризаминии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия, мубодилаи таҷриба дар соҳаи экспертизаи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ оид ба омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминӣ, ҳамкории мутақобила ва табодули таҷриба ва омода намудани мутахассисони соҳаи геология мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
АКС: Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон










ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
«Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид






