Ҳамкории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо Донишгоҳи нақлиёти Сиани Чин густариш меёбад

Сентябрь 12, 2023 10:21

ДУШАНБЕ, 12.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Қобилҷон Хушвахтзода бо намояндагони Донишгоҳи нақлиёти Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳадаф аз вохӯрӣ амалӣ намудани ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои гуногуни илму таълим, пажӯҳиши муштарак дар бахшҳои замонавии илм, хусусан омӯзиши забону фарҳанг ва технологияи муосир мебошад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба мустаҳкам намудани ҳамкории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо Донишгоҳи нақлиёти Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин, рушди ҳамкорӣ  дар заминаи Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсий, таҳияи барнома ва баргузории ҳамоишҳо табодули афкор намуданд.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Сентябрь 12, 2023 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад