Ҳамкории шаҳрҳои Душанбе ва Минск дар самти саноатикунонии босуръат густариш меёбад

Сентябрь 29, 2023 10:18

ДУШАНБЕ, 29.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи Форуми байналмилалии сармоягузории Душанбе — 2023 мулоқоти муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо муовини Раиси Кумитаи иҷроияи шаҳри Минск Александр Черников баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси  шаҳри Душанбе хабар доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳрҳо, бахусус вобаста ба таъмини иҷрои босифат ва саривақтии Нақшаи чорабиниҳои баимзорасида байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи иҷроияи шаҳри Минск сухан гуфтанд.

Бо мақсади вусъат бахшидани ҳамкории иқтисодию сармоягузорӣ ва шарикии давлат бо бахши хусусӣ, инчунин ҷалби ҳарчӣ бештари сармояи хориҷӣ ба соҳаҳои афзалиятноки пойтахт аз ҷониби муовини Раиси шаҳри Душанбе пешниҳоду таклифҳои асоснок манзур шуд.

Инчунин масъалаи воридоти шакар аз Ҷумҳурии Беларус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалияи шаҳри Душанбе» барои эҳтиёҷи сокинони шаҳри Душанбе мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.

Зимни вохӯрӣ муовини Раиси Кумитаи иҷроияи шаҳри Минск оид ба густариши ҳамкории судманд доир ба саноатикунонии босуръат, бахусус дар соҳаҳои саноати маъдан ва сабук ибрози назар намуд. Ҳамзамон ҷиҳати табодули таҷриба дар бахшҳои афзалиятнок, аз ҷумла дар соҳаҳои савдою тиҷорат, нақлиёт ва коммуникатсия, маориф, тандурустӣ, ҳушмандсозӣ ва дигар бахшҳои инфрасохтор изҳори омодагӣ гардид.

АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси  шаҳри Душанбе

Сентябрь 29, 2023 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад