Ҷамолиддин Абдуллозода дар якчанд ҷаласаи сатҳи баланди СММ оид ба масъалаҳои тандурустӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 25.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз 18 то 24 сентябр Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҷаласаҳои Созмони Милали Муттаҳид (СММ) оид ба масъалаҳои тандурустӣ иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни иштирок ва суханронӣ дар ҷаласаи корӣ оид ба фарогирии умумии тиббӣ Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат иброз дошт, ки масъалаҳои дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ дар Тоҷикистон дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 инъикос ёфтаанд.
Аз ҷумла, стратегияҳои мазкур ба баланд бардоштани баробарӣ ва самаранокии соҳаи тандурустӣ тавассути ташкили низоми ягонаи пардохткунанда, ҷорӣ намудани механизмҳои нави пардохти хизматрасонӣ нигаронида шудаанд. Ҳарчанд якчанд бахшҳои ҳуҷҷатҳои мазкур аллакай амалӣ шудаанд, аммо ислоҳоти маблағгузории соҳаи тандурустӣ ва таҷдиди сохтор дар ин самт ҳоло низ идома дорад.
То имрӯз бо мақсади пурзӯр намудани Барномаи амалкунандаи кафолати давлатии таъмини аҳолӣ бо хизматрасонии тиббӣ категорияи имтиёзҳо барои табақаҳои камбизоат муайян шудааст.
Ҳамзамон Ҷамолиддин Абдуллозода дар ҷаласаи ниҳодии СММ доир ба мубориза бар зидди бемории сил иштирок ва суханронӣ намуд.
Аз ҷумла, мавсуф иброз дошт, ки давоми солҳои охир дар Тоҷикистон сатҳи гирифторӣ ва фавти шаҳрвандон аз бемории сил бамаротиб коҳиш ёфта, дар ин баробар тадбирҳо барои пешгирӣ ва табобати ин беморӣ дар мамлакат боз ҳам пурзӯр шудаанд.
Яке аз самтҳои муҳими мубориза бо бемории сил- ин сари вақт ошкор ва пешгирӣ намудани беморӣ мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт тавассути татбиқи стратегияҳо ба пешравиҳои назаррас ноил гардид. Дар мамлакат таҷҳизоти ҳозиразамони сайёри рақамии рентгенӣ барои ошкор сохтани бемории сил мавриди истифода қарор доранд.
Барои баланд бардоштани самаранокӣ ва дақиқии ташхиси бемории сил дар Тоҷикистон технологияҳои инноватсионӣ ҷорӣ шудаанд. Ҳамзамон ҷорӣ намудани технологияи GeneXpert, ки як воситаи ташхиси молекулавӣ дар самти ташхиси бемории сил ба шумор меравад, дар давлати мо мавриди амал қарор дорад. Ин усули боэътимод имкон медиҳад, ки бемории сил ва шаклҳои ба дору тобовар ошкор ва табобати бемор сари вақт оғоз шавад.
Дар идома вазир доир ба дигар паҳлуҳои вазъи бемории сил дар Тоҷикистон, ҳамкорӣ дар ин самт бо шарикон оид ба ҳозирин маълумоти мухтасар пешниҳод намуд.
Ҷамолиддин Абдуллозода дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико инчунин дар ҷаласаи СММ оид ба пешгирӣ, омодагӣ ва вокуниш ба пандемия иштирок намуда, доир ба таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза ба бемории сироятии коронавирус ва қадамҳои минбаъда дар самти пешгирии он, омодагӣ ва вокуниш дар доираи татбиқи Қоидаҳои байналмилалии тандурустӣ сухан гуфт.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Айнӣ пайомадҳои офати табиӣ бартараф мегарданд
Нахустин ҷаласаи Раёсати Шурои ҷамъиятии «Занони Тоҷикистон» баргузор шуд
Дар шаҳри Хуҷанд мавсими нави оббозӣ дар шиногоҳи соҳили дарёи Сир оғоз гардид
ОГОҲӢ! Аз 3 то 5 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти касбӣ бо Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО. Нобиғае, ки аз замони худ садсолаҳо пештар меандешид
Ширкати «IRS»: «Ҳаракати нақлиёт дар роҳи Душанбе – Чаноқ таъмин аст»
ШАРБАТИ САЛОМАТӢ. Олимони тоҷик истеъмоли онро барои пешгирии бемориҳои камхунӣ, ҷоғар ва диабет тавсия медиҳанд
СИРИШТИ СИНОИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб
«ТОБИСТОН-2026». Дар Суғд барои шавқовар баргузор намудани истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон тадбир меандешанд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН. Падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак чӣ уҳдадорӣ ва ҳуқуқ доранд?
Дар Душанбе ғолибони Фестивали ҷумҳуриявии «Малакаҳои касбӣ» қадрдонӣ гардиданд






