БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Кӯлоб беш аз 400 иншооти таъйиноти гуногун бунёд мегардад

Сентябрь 18, 2023 08:47

КӮЛОБ, 18.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб беш аз 400 иншооти таъйиноти гуногун бунёд мегардад, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода.

Давоми солҳои охир шаҳри Кӯлоб бо қомат афрохтани биноҳои баландошёна ва таҷдиду навсозии боғҳои истироҳатӣ, роҳу пулҳо ва хиёбону гулгаштҳо симои хешро ба куллӣ тағйир додааст. Дар рӯзҳои истиқбол аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр беш аз 800 иншоот сохта, ба истифода дода шуда буд.

Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 400 иншооти дигар бунёд мешаванд. Дар ин замина дар Ҷамоати деҳоти «Зарбдор» бо фармоиши Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо оид ба таҷдид ва рушди иншооти инфрасохтори иҷтимоӣ аз ҷониби пудратчӣ- Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Паргор» сохтмони муассисаи томактабӣ барои 200 нафар кӯдак идома дорад. Бинои мазкур аз се ошёна иборат буда, дар он тамоми шароит муҳайё мешавад. Дар айни замон корҳои сохтмонӣ дар ошёнаи сеюм ба анҷом расида, рӯзҳои наздик ба пӯшонидани болои бино шуруъ менамоянд.

Бо дастури роҳбарияти олии мамлакат дар маркази шаҳр сохтмони 4 хонаи истиқоматӣ барои оилаҳои аз садамаи нақлиётӣ зарардида оғоз гардидааст. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, вилояти Хатлон ва соҳибкорону шахсони саховатпеша аллакай пойдевори манзилҳои истиқоматӣ сохта шуда, барои бунёди деворҳо корҳо идома доранд.

Дар хиёбони Исмоили Сомонӣ  бо фармоиши идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб аз ҷониби ҶДММ «Давлатманд» барқарорсозии обравҳои паҳлуи роҳ идома дорад. Сохтмончиён дар паҳлуи роҳҳо ба воситаи оҳану бетон девор месозанд, ки валангоршавии роҳи автомобилгардро пешгирӣ менамояд. Дар ин ҷо 12 нафар сохтмончиёни маҳаллӣ ба кор ҷалб гардидаанд. Дар кӯчаи ба номи С. Сафаров бо фармоиши идораи сохтмони асосӣ ҶДММ «Қобилҷон ЛТД» корҳои барқарорсозии обравҳоро шуруъ намудааст. Барои анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ мутахассисони маҳаллӣ ҷалб гардидаанд.

Тавре муҳандис Саломиддин Раҷабов иттилоъ дод, «дар кӯчаи мазкур аз ҳисоби хурд будани ҳаҷми обравҳо мушкилӣ пеш омадааст ва барои рафъи ин он мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ маблағи зарурӣ ҷудо намудааст. Кормандони идораи сохтмони асосӣ ҷараёни корҳоро пайваста назорат мебаранд».

Дар дигар иншооти ҷашнӣ низ  корҳо бомаром идома дошта, масъулон кӯшиш доранд иншоотро сари вақт ва бо сифати баланд ба истифода супоранд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 18, 2023 08:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ 295 иншооти хурду бузург ба истифода дода шудааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ёвон роҳҳои байни деҳаҳо мумфарш карда мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Мастчоҳ бинои иловагии муассисаи таҳсилоти томактабӣ сохта мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон тарабхонаи “Кайҳон”-ро  ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи панҷошёнаи “Кайҳон”-и ҶСК  “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд”-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли газаблоки “Хишти муосири аълосифат”-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мактаби санъати шаҳри Бӯстонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд корхонаю коргоҳҳои ҶДММ Сирдарёро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Факултети №4-и Академияи Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи коркарди меваю сабзавоти ҶДММ «ДороАртФуд»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти томактабии №6-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич 5 кӯдакистон, муассисаи таълимӣ, толори варзишӣ ва бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд