БАХШИДА БА 32-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар панҷ ҷамоату деҳоти ноҳияи Восеъ биноҳои иловагии муассисаҳои таълимӣ ба истифода дода шуданд
ДУШАНБЕ, 06.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Кафтархонаи Ҷамоати Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ бинои иловагии муассисаи таълимии №16 мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 Зиёвуддин Шукуров ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Бинои иловагӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Анвар Камолзода сохта шуда, аз 6 синфхонаи таълимӣ иборат аст ва дар як баст 150 нафар хонанда ба таълим фаро гирифта мешаванд.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 аз соли 1965 то инҷониб фаъолият менамояд. Норасоии ҷойи нишаст ва набудани мизу курсиҳои замонавӣ яке аз мушкилоти асосии хонандагони ин даргоҳи таълимӣ буд. Хушбахтона, бо сохтани бинои иловагӣ иборат аз 6 синфхона барои 300 нафар дар ду баст мушкили асосии муассиса бартараф гардид.
Соҳибкори маҳаллӣ Анвар Камолзода ҳамчунин мақсад гузоштааст, ки солҳои оянда дар назди муассиса майдончаи варзишӣ бо тамоми шароити замонавӣ бунёд намояд. Алҳол дар муассисаи таълимӣ 600 нафар хонандагон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки ба онҳо 47 нафар омўзгорони соҳибтахассус таълим медиҳанд.
Дар ифтитоҳи мактаби №16 роҳбарияти вилояти Хатлон, ноҳияи Восеъ, Раёсати маорифи вилояти Хатлон, шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ ва дигарон иштирок намуданд.
Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ Рустам Солеҳзода иттилоъ дод, ки дар баробари ин дар деҳаи Каримбердии Ҷамоати Худоёр Раҷабов мактаби таълимии №32 бо 240 ҷойи нишаст аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Қурбонов, муассисаи таълимии №23 дар деҳаи Осмонбикаи ҷамоати Худоёр Раҷабов барои 240 ҷойи нишаст дар як баст аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Аъзам Қодирзода, Муассисаи таълимии №70 бо 320 ҷойи нишаст дар ҷамоати Миралӣ Маҳмадалӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Қурбон Мирзоалиев ва 4 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №24 – и деҳаи Қаратоғи ҷамоати Тугарак мавриди истифода қарор дода шуданд.
Дар айни замон дар ноҳияи Восеъ 73 муассисаи таълимӣ бо фарогирии 55 ҳазору 158 нафар хонанда фаъолият менамоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд
Дар Беларус бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ ба имзо расид
Дар Риёз 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
ТАҲКИМИ БЕХАТАРИИ САНОАТӢ ВА РУШДИ УСТУВОР. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ — 35 СОЛИ ШУКУФОӢ БО НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ «РОҒУН». Таҳти чунин унвон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Оид ба дастовардҳои соҳаи энергетикаи Тоҷикистон филми мустанад ба навор гирифта шуд
Дар Кувайт ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии расмӣ баргузор гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ ВА НАСЛИ МАН. Ватандӯстӣ аз муносибати инсон ба вазифаи хурди ҳаррӯза сарчашма мегирад






