БОКС. Варзишгари тоҷик Руҳафзо Ҳақназарова Бозиҳои Осиёиро бо ғалаба шуруъ намуд

Сентябрь 28, 2023 10:36

ДУШАНБЕ, 28.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари тоҷик Руҳафзо Ҳақназарова дар вазни то 50 кг дар даври аввали Бозиҳои Осиёӣ дар Ханжоуи Чин ғалаба ба даст овард. Руҳафзо бо намояндаи Индонезия Новита Синадиа рақобат намуда, бо ҳисоби калони 4:1 ғолиб гардид ва ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ ёфт.

Дар даври оянда- 29 сентябр Руҳафзо бо Раксат Чутхамат аз Тайланд рақобат менамояд. Аз байни муштзандухтарони тоҷик ин аввалин ғалаба дар Бозиҳои Осиёии Хангжоу – 2022 маҳсуб мешавад. Қаблан, Бибинишастамо Холова дар вазни то 60 кг аз Тананя Сомнуек аз Тайланд ва Нигора Олимова дар вазни 54 кг аз Ти Нгуйену аз Ветнам дар даври аввал мағлуб шуда, аз идомаи рақобат маҳрум шуданд.

Инчунин 27 сентябр муштзани тоҷик Баҳодур Усмонов дар вазни 63,5 кг дар Бозиҳои Осиёӣ баромад намуда, мағлуб шуд.

Мавриди тазаккур аст, ки муштзанони тоҷик Асрор Воҳидов дар вазни то 57 кг, Муҳаммад Аброриддинов дар вазни +92 кг ва Руҳафзо Ҳақназарова дар вазни 50 кг дар даври аввал музаффарият ба даст оварданд. Асрор Воҳидов дар вазни то 57 кг бар Сулия Хамми аз Лаос дар даври аввал зафар ёфта, дар даври оянда — 30 сентябр бо Салим Ҳусайн аз Бангладеш рақобат менамояд. Муҳаммад Аброриддинов дар вазни +92 кг дар нахустин рақобат бар Муҳаммад Алхефити аз АМА ғалабаи техникӣ ба даст оварда, 30 сентябр бо Баҳодир Жалолов аз Узбекистон қувваозмоӣ менамояд.

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар Бозиҳои Осиёӣ, ки то 8 октябр идома меёбанд, Ҷумҳурии Тоҷикистонро беш аз 100 варзишгар намояндагӣ менамоянд. Ба барномаи бозиҳо 40 навъи варзиш (28 намуди олимпӣ ва 12 намуди ғайриолимпӣ) дохил аст. Варзишгарони тоҷик дар 18 намуд ҳунарнамоӣ менамоянд.

Ба варзишгарони тоҷик, ки дар Бозиҳои Осиёӣ дар Ханжоу медали тилло мегиранд, ҷоизаи Президенти Тоҷикистон ба маблағи 150 000 сомонӣ, ба барандагони медали нуқра 100 000 сомонӣ ва ба соҳибони медали биринҷӣ 50 000 сомонӣ супурда мешавад.

Инчунин бо қарори Раиси шаҳри Душанбе ба онҳое, ки дар ин бозиҳо барандагони медали тилло мешаванд, хонаи сеҳуҷрагӣ, медали нуқра — дуҳуҷрагӣ ва медали биринҷӣ- манзили якҳуҷрагӣ тақдим мегардад.

Бояд гуфт, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз соли 1994 дар ин бозиҳо иштирок намуда, то ҳоло 30 медал гирифтааст, ки 5-тоаш медали тилло, 7-то медали нуқра ва 18 адад медали биринҷӣ мебошад. Се медали тиллоро Дилшод Назаров аз гурзандозӣ, як медали тиллоро Ҷаҳон Қурбонов дар бокс ва як адади дигарро Сомон Маҳмадбеков дар гӯштини ҷудо ба даст овардаанд.

Меҳрони ҚУРБОН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 28, 2023 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон 5 хатсайри байналмилалии нақлиёти мусофирбарӣ фаъолият дорад
Байни Тоҷикистон ва Латвия оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва авиатсияи гражданӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Дар Душанбе татбиқи «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ гардид
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМ». Дар Донишгоҳи миллӣ натиҷаи амали онро баррасӣ намуданд
Дар Тоҷикистон беш аз 20 санади меъёрии ҳуқуқие, ки асосҳои мухталифи муқовимат ба коррупсияро муқаррар менамоянд, қабул шудаанд
Дар Душанбе даври навбатии машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Швейтсария баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Москва иштирок намуд
Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Сулаймон Султонзода: «Мубориза бар зидди коррупсия вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини мамлакат мебошад»
ИМРӮЗ-РӮЗИ ГЕОЛОГҲОИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҷаҳони муосир сарватҳои зеризаминӣ қудрату тавоноии давлатро муайян менамоянд
Ёдгории таърихию фарҳангии Қалъаи Ҳисор дили меҳмонони чиниро тасхир намуд
Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҳамкории дуҷонибаро дар бахши иқтисодиву тиҷоратӣ ва саноату энергетика баррасӣ намуданд
ИМЕЙ (IMEI)-И «САФЕД». Тамоми дастгоҳҳои сайёр, ки дорои модули SIM мебошанд, бояд ба Системаи давлатӣ ворид шаванд

Маводҳои таҳлилӣ