«Бонк Фридом Финанс Қазоқистон» тасмим гирифтааст, ки дар Тоҷикистон бонки фаръӣ ё филиал боз намояд

Сентябрь 22, 2023 11:00

ДУШАНБЕ, 22.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Бонк Фридом Финанс Қазоқистон» тасмим гирифтааст, ки дар Тоҷикистон бонки фаръӣ ё филиал ифтитоҳ намояд.

Ин ва дигар масъалаҳои муҳими марбут ба ҳамкории бонкӣ байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар мулоқоти раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо ҳайати Ҷамъияти саҳомии «Бонк Фридом Финанс Қазоқистон» таҳти сарварии роҳбари Ҷамъияти саҳомии бонки мазкур Айдос Жумагулов дар Душанбе баррасӣ гардид.

Дар Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар руҳияи шарикии стратегӣ ва манфиатҳои тарафайн рушд ёфта, мулоқоти пайвастаи роҳбарони ду давлат ба тавсеаи минбаъдаи он заминаи мусоид гузошт.

Роҳбари Ҷамъияти саҳомии «Бонк Фридом Финанс Қазоқистон» Айдос Жумагулов доир ба самтҳои фаъолияти «Freedom Holding Corp.» дар шакли рӯнамо маълумот пешниҳод намуд.

Гуфта шуд, ки Гурӯҳи Фридом Финанс аз ташкилоти молиявӣ, брокерӣ, суғуртавӣ, пардохтӣ, мобилӣ ва нақлиётӣ иборат буда, доираи васеи маҳсулоти рақамии бонкӣ – ипотекаи рақамӣ, қарзи рақамӣ барои харидории воситаҳои нақлиёт, лоиҳаи музди меҳнат, қарзи тиҷоратӣ, пасандоз, интернет-банкинг ва ғайраҳоро ба Қазоқистон ва дигар давлатҳои хориҷӣ пешниҳод менамояд.

Айдос Жумагулов гуфт, ки Ҷамъияти саҳомии «Бонк Фридом Финанс Қазоқистон» нақша дорад, ки доираи фаъолияти худро дар самти пешниҳоди хизматрасонии молиявӣ-рақамӣ боз ҳам васеъ намояд, инчунин ҷиҳати кушодани бонки фаръӣ ё филиал дар Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки қонунгузории бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъсиси бонкҳои хориҷӣ, филиалҳо ва намояндагиҳои онҳо шароити мусоид фароҳам овардааст.

«Бонки миллии Тоҷикистон иқдоми «Бонк Фридом Финанс Қазоқистон»-ро барои кушодани бонки фаръӣ ё филиал дар Тоҷикистон, ки ҷиҳати ҷалби сармояи Қазоқистон ба иқтисоди давлатамон мусоидат менамояд, хуш истиқбол намуда, онро дар доираи қонунгузории ҷорӣ баррасӣ менамояд», — гуфт Холиқзода.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

 

Сентябрь 22, 2023 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст