ЧЕҲРАЕ МУНАВВАР ДАР САМОИ СИЁСАТИ ДАВРОН. Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон таҳким ва густариши ҳамкорӣ бо давлатҳои хориҷӣ бо номи Президенти мамлакат алоқаманд аст

Сентябрь 21, 2023 13:28

ДУШАНБЕ, 21.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Вақте ки сухан аз мавқеи байналмилалии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ҷаҳони сиёсии муосир ва симои сиёсии Пешвои миллати мову саҳми боризашон дар сиёсати ҷаҳони имрӯз ва ҳалли масоили мубрами инсоният меравад, гумон мекунам ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, балки ҳар инсони андаке огоҳ аз сиёсати ҷаҳону вазъи дунёи муосир эътироф менамояд, ки имрӯз дар сиёсати хориҷии ҷаҳони муосир давлати Тоҷикистон ва Сарвари некманиши он бо мавқеи дурахшони созандагиву бунёдкорӣ, сиёсати хайрхоҳонаву инсондӯстона, иқдомҳои наҷиб дар ҳифзи сайёраи Замину башарият ва сиёсати барандаи сулҳу амният дар саросари дунё маҳбубияти хосса доранд.

Чунин иброз доштааст Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло зимни нигоштаи хеш.

— Имрӯз Тоҷикистони мо ва Сарвари хайрхоҳи ӯро чун ташаббускор, мунодӣ ва пешсафи иқдоми зиёди неки башарӣ мешиносанд ва арҷ мегузоранд. Сарваре, ки на фақат ғами давлати худ, қаламрави худ, балки кулли одамизод ва Сайёраро мехӯрад. Пешвое, ки аз нахустинҳо шуда, дар арсаи ҷаҳонӣ барои ҳифзи инсоният ва сайёраи Замин бонги хатар задаву ҳамагонро ҳушдор додааст.

Дар самои сиёсати даврон чеҳрае, ки ба хайр тобон аст,
Дар ғами ҳирс дигаронанд, ӯ дар ғами рӯзи неки инсон аст

Бале, имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо давлате аст пазируфташуда аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ бо Сарваре, ки дар арсаи байналмилалӣ соҳиби обрӯву мавқеи хоссаи хеш мебошанд. Тоҷикистон мамлакате аст ободу шукуфон, ки дар тинҷиву амонӣ, сулҳу дӯстӣ ва бунёдкориву созандагӣ ба сар мебарад. Албатта, дар муқоиса бо он рӯзҳои оғозин, бо рӯзҳову солҳои нахустини истиқлолият, ки Ҳукумати навбунёд кори худро дар он муҳити нотинҷиву хатарзо аз хазинаҳои сифр ва иқтисодиёту хоҷагии абгору фалаҷгардида оғоз намудаву ба ин рӯз расидааст, ин дастоварде аст, боварнокарданӣ. Аммо худи мо ва дунё шоҳид ҳастем, ки ҳақиқат чунин буд.

Имрӯз баъд аз гузашти 32 сол- ҳарчанд ин пеши таърих муддати зиёд нест, зиндагӣ ва замон бунёди қавӣ доштани сиёсати байналмилалии мамлакати Тоҷикистон ва Пешвои муаззами онро нишон доданд, балки собит намуданд. Ин сиёсат аз куҷо ва чӣ гуна сар шуд? Биёед, ба ёд орем таърихи начандон дури Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро. Замоне, ки ин сарзамини соҳибтамаддун, аммо ҷабри таърихро дидаву чашида, соҳиби Истиқлолияти давлатӣ гардид, то ҷойе вазъ ҳассосу мураккаб ва аз ҷиҳати сиёсӣ печида буд, ки дар Иҷлосияи 16-уми таърихӣ касе аз сиёсатмадорони замон ҳозир набуд, ки ин рисолати бузургро ба зимма гирад, бе ҳарос барои наҷоти Ватан худро ба маҷрои хатарноки дарёи вақт ва ҳаводиси хатарангези айём бизанад.

Он сифатҳои асосие, ки дар шахсияти яке аз вакилон ҷило доду ӯро аз ҷо хезонд, то ин масъулият: раҳо намудани давлати тозаистиқлоли тоҷикон аз вартаи нестӣ ва таъмини сулҳу осоишро ба зимма бигирад, ба гумони банда инҳо буданд: Аввалан, ҷасорат ва ҷоннисорӣ, бетафриқа набудан нисбат ба тақдири халқи худ, ояндаи он ва аз ҳама чиз волотар шуморидани тақдир ва манфиатҳои Ватан, сипас, муҳаббати ҷоннисорона ба Ватан, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, ифтихор бо халқи худ ва баъдан, гузаштан аз баҳри ҳама чиз, шитофтан ба наҷоти Ватан, агарчи дар баҳои ҷон ҳам бошад.

Ҳамин масъулияти ватандӯстона ба Эмомалӣ Раҳмон ҷасорат ва дарки масъулияти баланд, ҳисси ватанхоҳӣ ва азми наҷоти Ватан, мубориза барои пойдории давлат ва таъмини ҳастиро дод. Каси дигаре ҳозир ва омода набуд, ки ин рисолати муқаддас ва барои наҷоти миллати тоҷик муҳим ва дар баҳои ҷонро ба зимма гирад. Ин рисолат дар чӣ буд? Ин рисолат чунин буд: наҷоти Тоҷикистон аз вартаи нестӣ, таъмини сулҳу осоиш, пойдор сохтани пояҳои сутуни давлатдорӣ, хуллас наҷоти тоҷикону Тоҷикистон аз коми фано.

Ду масъалаи тақдирсозе, ки бояд аввалан, ҳатман ва мусовии ҳамдигар ба иҷрои он шуруъ мешуд, инҳо буданд: яке ҳалли масъалаҳои мураккаби сиёсати дохилӣ ва дигаре, муаррифии ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ ва ба даст овардани эътирофу эътимоди ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба Тоҷикистон. Иҷрои ин кор дар он замон дар радифи таҳдиди нестии миллат кори сахт сангин буд. Бо ин ҳадаф Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон 29 сентябри соли 1993 бори аввал аз минбари Созмони Милали Муттаҳид баромад намуда, ҳадафҳои сулҳҷӯёна ва азму ниятҳои неки давлати тозаистиқлоли тоҷиконро бо нақшаҳои неку хайрхоҳона ба ҳайси субъекти мустақили муносибатҳои байналмиллалӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуданд.

Аз он рӯз ба ин ҷониб ҷомеаи ҷаҳонӣ қадамҳои нахустини мамлакати моро дар сиёсати байналмилалӣ эътироф намуд ва эътимоду бовари давлатҳои ҷаҳон ба Тоҷикистон пайи ҳам афзудан гирифт. Маҳз Пешвои миллати мо Эмомалӣ Раҳмон бо заковати сарварӣ, бо талошҳои хайрхоҳонаи байналмилалӣ, бо ҷоннисорӣ дар талоши сулҳу дӯстӣ, сарҷамъ намудани миллати пароканда ва дар баробари ин амалӣ намудани сиёсати хориҷии мутавозин симои Тоҷикистону миллати тоҷик ва симои шахси худро ҳамчун Пешвои миллат ба ҷаҳониён муаррифӣ намуданд.

Пас аз он ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид ва ҷаҳониёнро огоҳ намуд, ки давлати тоҷикон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявиву ягона буда, ҳадафаш бунёди ҷомеаи адолатпарвар аст ва бо ҳамин ҳадафҳои воло халқи тоҷик бо Пешвои миллати худ ба фаъолият оғоз намуданд, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мамлакати мо пайваста бештар гардид. Дар таърихи бунёди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои ватандӯсту бунёдкор ҳар рӯзу ҳар соат, хишт ба хишт девори амният ва кохи бегазанди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо камоли муҳаббат ва огоҳӣ гузошта мешуд. Имрӯз мо мебинем, ки хиштҳои аввали ин кохи бахти миллати мо аз ҷониби меъмори он чӣ андешамандона, бегазанд ва бе хато гузошта шуда буданд.

Дере нагузашта, Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати пешбарандаи сиёсати хориҷии сулҳҷӯёнаву созанда эътироф гардид ва дар ҳамин замина сиёсатмадорони мо бо сарварии Пешвои худ бо ҳамаи давлату созмонҳо ҳамкории судманд ба роҳ гузоштанд. Хусусан, бо ташаббуси Пешвои миллати мо амалӣ шудани сиёсати хориҷии “дарҳои кушода” обрӯву нуфузи мамлакати моро баланд бардошт ва бо чунин сиёсат (“дарҳои кушода”) давлати мо равиши хоси дипломатияи худро дарёфт. Он имрӯз на танҳо дар ҳалли масоили минтақавӣ ва ҷаҳонӣ фаъолона иштирок меварзад, балки ба ҳайси давлати пешсаф дар арсаи байналмилалӣ ва ташаббускору бамиёнгузорандаи масъалаҳои дорои аҳамияти глобалӣ истиқбол меёбад.

Ҳосили чунин сиёсати хайрхоҳонаву башардӯстона таҳти роҳбарии Пешвои миллатамон аст, ки имрӯз Тоҷикистони мо аз ҷониби 192 давлати ҷаҳон эътироф гардида, бо 183 давлат муносибатҳои дипломатӣ барқарор намудааст. Тоҷикистони мо имрӯз узви комилҳуқуқи ҳамаи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ буда, дар беш аз 170 конвенсияи байналмиллалӣ иштирок дорад. Имрӯз теъдоди намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ба 39 адад расида, дар зиёда аз 20 кишвар сафирони ғайримуқим таъйин гардидаанд. Дар Душанбе сафоратҳои 24 кишвари хориҷӣ ва намояндагиву дафтари кории 57 созмони бонуфузи байналмиллалию минтақавӣ ва ғайридавлатӣ фаъолият доранд. Ва ин ҳама барои фаъолияти муассир ва пайгирии пайвастаи манфиатҳои миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, таҳкими ҳамкории мутақобилан судманд ба роҳ монда шудааст.

Дар Консепсияи сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар таҳрири нав, ки соли 2015 қабул шудааст, бо дарназардошти таҳаввулоту дигаргуниҳо дар арсаи байналмилалӣ ҳадафу мақсадҳо ва самтҳои асосии сиёсати хориҷии давлат рӯи кор омадаанд. Ин санад таҳия ва амалӣ намудани сиёсатеро дар хориҷа пайгирӣ менамояд, ки мутобиқ ба рушди давлат ба ҳамкории судманд мусоидат намуда, имконияти муносиби навро барои пешгирӣ ва рафъи хатару таҳдидҳои имконпазир ба амнияти миллӣ фароҳам меоварад.

Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон таҳким ва густариши ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ҷойгоҳи хосса дорад. Маҳз ҳамин ҳамкории самаранок имкон фароҳам овард, ки ташаббусҳои глобалии Президенти Тоҷикистон, хусусан вобаста ба мушкилоти марбут ба об ва истифодаи оқилонаи он, масъалаи иқлим ва ҳифзи муҳити зист, муқовимат алайҳи таҳдиду хатарҳои замони муосир аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди дастгирӣ ва истиқболи самимона қарор гирифтанд. Ва ҷойи ифтихор аст, ки Тоҷикистон дар ин масир ба сифати давлати пешсаф эътироф гардид.

Ин ки Тоҷикистони мо соҳиби панҷ ибтикори истиқболгардида дар сатҳи ҷаҳонӣ аст, ки ҳар яки он бевосита ба тақдири инсоният ва ҳифзи сайёраи Замин алоқаманд буда, касеро дар ҷаҳон бетараф намегузорад, мояи ифтихори мо мебошад. Ин ва дигар ташаббусу ибтикорҳо аз ақли дурандешонаву эҳсоси башардӯстонаи Пешвои миллати мо башорат медиҳанд.

Метавон бори дигар ёдовар шуд, ки соли 2003 Маҷмаи умумии СММ дар асоси эъломияи Душанбе қатъномаи дахлдор қабул намуда, солҳои 2005-2015-ро Даҳсолаи байналмиллалии амал “Об барои ҳаёт” эълон намуд. Ғайр аз ин соли 2013 ҷомеаи байналмилалӣ тавассути қатъномаи Маҷмаи умумии СММ 67/204, ки муаллифаш Тоҷикистон аст, “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об”-ро гузаронид.

Маросими оғози “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об” дар қароргоҳи UNESCO дар шаҳри Париж 11 феврали соли 2013 бо иштироки фаъоли ҳайати воломақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар асоси пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 декабри соли 2016 Маҷмаи умумии СММ қатъномаи дахлдор қабул намуд, ки тибқи он солҳои 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” эълон гардид. Ташаббуси мазкур бори аввал аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 апрели соли 2015 зимни ҳамоиши ҷаҳонии об дар шаҳри Тегуи Ҷумҳурии Корея манзури ҷомеаи байналмилалӣ гардида буд.

Баъдан, дар доираи татбиқи ин иқдоми бузург моҳи июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони воломақоми давлатҳои аъзои СММ ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилаии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” баргузор гардид, ки зимни он маҷмуи масъалаҳои муҳими марбут ба захираҳои об мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Рӯйдоди дигари таърихӣ, ки 14 декабри соли 2022 ба вуқуъ пайваст, ин дар асоси ташаббуси Пешвои миллат зимни Иҷлосияи 77-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидани қатънома дар бораи соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо буд. Ин иқдом бо пуштибонии 153 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуда, ҳамчунин дар назди СММ Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ дар умури ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфт ва соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шуд.

Акнун бо дарназардошти пазироии гарми ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин ибтикори навбатии Пешвои миллат, дар марҳалаи татбиқи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо Тоҷикистон ба сифати давлати ташаббускор бештар мавриди таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ қарор хоҳад гирифт. Зеро ташаббуси пурарзиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди устувор ва мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об, татбиқи лоиҳаву барномаҳои махсуси соҳавӣ, таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои рушди устувори марбут ба захираҳои об нақши бориз хоҳад дошт.

Санадҳои овардашуда барои мо, тоҷикон он қадар мояи ифтихору сарбаландӣ ҳастанд, ки онҳоро мо бояд ба хубӣ бидонему дар ёд дошта бошем. Ва ин ҳама нуфуз, ин ҳама обрӯву ифтихор дар арсаи байналмилалӣ, бешубҳа, пирӯзии сиёсати хориҷиву байналмилаии давлати мо аст, ки бо ташаббус ва иқдоми шахсии Пешвои миллатамон рӯи кор омада, ҳосили заковати баланди инсонӣ ва башардӯстии он кас мебошанд.

Ҳамин чанде пеш дар доираи Вохӯрии панҷуми машваратии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи Шурои Сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал 14 сентябр мо бори дигар шоҳиди мавқеи дурахшони давлати тоҷикон дар ҳалли мубрамтарин масъалаҳои байналмилалӣ гардидем. Дар ин ҷамъомад Тоҷикистони мо давлати ташаббускор дар ҳалли буҳрони баҳри Арал буд.

Мо бори дигар бо камоли қаноатмандӣ ва ифтихори миллӣ нақши бузург ва чеҳраи дурахшони Пешвои миллатамонро дар ҳалли масъалаҳои ҷиддӣ ва мубрами рӯз дидем. Мо бо камоли ифтихор дидем, ки тамоми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва берун аз он ҳама чӣ эҳтирому арҷгузорӣ ба Президети мо доранд ва ӯро чун шахсияти барҷастаи сиёсати байналмилалӣ ва Сарвари таҷрибадоре, ки ба собиқаи корӣ ва дастовардҳояшон арҷ мегузоранд, эҳтиром менамоянд, ба суханонашон гӯш меандозанд.

Дар мавриди шахсияти Президенти мо, симои нотакрору хос ва дурахшони он кас метавон алоҳида ҳарф зад. Аввал ин ки Президенти мо ҳамчун инсон бисёр хайрхоҳу меҳрубону некбин мебошанд, ки ин сифатҳо аз дидагон пинҳон намемонанд. Шахсияти Президенти мо, чунон ки мушоҳида шуд, як инсони дидадаро ва дилёбу самимӣ мебошанд. Банда ҳанӯз солҳое қабл мушоҳида намуда будам, ки Сарвари мо, ҳатто дар нахустин мулоқот бо Сарвари ин ё он давлат, аввалан ба таври расмӣ вомехӯранду пас аз мулоқот бо чеҳраи хандон бо ибрози ибораҳои “дӯсти ман” ё “бародари ман” ба ҳамтои худ муроҷиат менамоянд. Чунин падида камназир аст, танҳо самимияти баланд ва дилёбиву хайрхоҳие, ки дар сиришти Пешвои миллати мо танида шудааст, вомедорад, ки сарварони дигар зуд бо ӯ унс бигиранду муносибатҳои сиёсӣ ба муносибатҳои бародарона табдил ёбанд. Ин падидаи дурахшонро мо борҳову борҳо дидаву шоҳид будаем. Аз ин рӯ яке аз сабабҳои муносибатҳои неку дӯстона ва бародаронаи давлати мо бо аксари кишварҳоро метавон дар ҳамин падида – сиришти инсондӯстонаи Сарвари мо пайдо намуд.

Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо таҳти сарварии Пешвои миллати худ дар тӯли 32 соли гузашта ба тамоми олам собит сохтанд, ки ин диёр сарзамини мардуми хайрхоҳу некманиш ва инсонпарвару башардӯст аст. Дар тӯли ин ҳама солҳо ҳар бунёдкорӣ ва созандагие, ки таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистони соҳибистиқлол анҷом дода шуд, аз сиришти неки миллати мо чун намои пирӯзии адолату муҳаббат, хайрхоҳиву инсонпарварӣ, илму донишу ҳунар ва суннатҳои башардӯстонаи ин миллати некоину башардӯст рӯ задааст. Ва мо ифтихор менамоем, ки ин ҳама хайрхоҳиву сиришти неку ниятҳои неки миллати тоҷик дар сиёсати байналмилалии давлати мо ва дар симои Пешвои хайрандеши он ҷилои байналмилалӣ гирифтаанд.

Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон,
ходими адабии АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Сентябрь 21, 2023 13:28

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои бо ангишт гарм кардани хонаҳо аз бухории махсус бояд истифода намуд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Парчами давлатӣ рамзи қудрату тавонмандӣ ва сарҷамъии миллат аст
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ЗЕРИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ МУТТАҲИД ГАШТАЕМ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
РАМЗИ МУҚАДДАСИ МИЛЛӢ. Ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Масъулин бояд тухмиҳои хубтарину омехтаи ояндадорро мувофиқи нишондоду талаботи истеҳсолот парвариш кунанд
КОНФРОНСҲОИ ИҚЛИМИИ СММ. Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафҳои ин конфронсҳо пешсаф аст
АЗ ПЕШВОИ КАҲРАМОН ВАТАНДӮСТӢ БИОМӮЗЕМ! Эҳдо ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон