Дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷашни Истиқлолияти давлатиро хотирмон таҷлил намуданд

Сентябрь 9, 2023 13:41

ДУШАНБЕ, 09.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва ташаббусу дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон ду маротиба- солҳои 1995 ва 2000 ислоҳоти пулӣ гузаронида шуд ва Тоҷикистон соҳиби пули миллии худ гардид. Махсусан ба муомилот ворид шудани пули миллии сомонӣ на танҳо падидаи муҳимми сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат, балки оғози рушду нумуи иқтисодиёт ва дигаргуниҳои мусбати ҳаёти ҷомеаи ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Чунин гуфт Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода дар ҷамъомаи тантанавӣ, ки ба муносибати 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бонгки миллии Тоҷикистон доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии  Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Таъкид шуд, ки ташаккули низоми бонкдории муосири Тоҷикистон низ бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ муяссар гардид ва дар дар ин давра Бонки миллии Тоҷикистон ва умуман низоми бонкии ҷумҳурӣ тадриҷан ба низоми ҷаҳонии бонкӣ шомил шуд. Бо саъю кӯшиши Бонки миллии Тоҷикистон ва дастгирии Ҳукумати мамлакат зина ба зина заминаи боэътимоди қонунгузории соҳаи бонкдорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба ин соҳа ба вуҷуд оварда шуданд. Бо фароҳам омадани заминаи ҳуқуқӣ ва ноил шудан ба дастовардҳои назаррас дар низоми муомилоти пулӣ Бонки миллии Тоҷикистон ба ҷорӣ намудани усулҳои муосири бонкдорӣ оғоз намуд. Бо мақсади ҷорӣ намудани маҳсулоти наву муосири бонкӣ ва беҳтар кардани хизматрасонии бонкӣ дар айни замон дар мамлакат низоми интернет-банкинг ва мобайл-банкинг татбиқ мегардад, ки бо истифода аз онҳо муштариён метавонанд бемамониат амалиёти пардохтии дохилӣ ва фаромарзӣ анҷом диҳанд. Бахусус ба роҳ мондани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва ташкили инфрасохтори муосири низоми пардохт ба пешрафти низоми бонкии мамлакат ҳамаҷониба мусоидат менамояд.

Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ба такмили ихтисоси кормандон таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд ва дар ин замина ҳама шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ва низоми бонкии мамлакат бо меҳнати бунёдкорона, садоқатмандӣ ва фарҳанги баланд дар таҳкими дастовардҳои Истиқлолияти Тоҷикистон саҳм мегузоранд ва нақши онҳо дар пешрафти ин соҳаи муҳими ҳаёти мамлакат мусбат арзёбӣ  мешавад. Ҳамин аст, ки соли равон 4 корманди Бонки миллии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои меҳнати садоқатмандона бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ гардиданд.

АКС: Бонки милллии Тоҷикистон

Сентябрь 9, 2023 13:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Алишер Назаров Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ҳисорро соҳиб шуд
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.1464 то 11.0800 сомонӣ муқаррар шудааст
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5600 то 9.5700 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1180 то 0.1211 сомонӣ муқаррар шудааст
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5751 то 9.6000 сомонӣ муқаррар шудааст
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад