Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи дониш маҷлиси тантанавӣ гузаронида шуд

Сентябрь 2, 2023 13:39

ДУШАНБЕ, 02.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз бахшида ба Рӯзи дониш дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо иштироки устодону кормандон ва донишҷӯён маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ.

Ректори донишгоҳ Ҳакимбек Абдуалимзода ҳозиринро бо оғози соли таҳсили 2023-2024 ва Рӯзи дониш муборакбод намуда, гуфт, ки «чун анъана дарси аввали Рӯзи дониш бо дарси сулҳ оғоз мегардад ва он рамзӣ аст, зеро сулҳу оромӣ кафолати рушду нумуи ҷумҳурӣ ва зиндагии осудаи мардум мебошад. Маҳз дар давраи соҳибистиқлолӣ рушд намудани соҳаи маориф ба суботи мамлакат ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста аст».

Муовини аввали Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон устодону донишҷӯёнро бо Рӯзи дониш табрик намуда, заҳмати омӯзгорро дар таълиму тарбияи ҷавонон ва насли наврас назаррас хонд.

Таъкид гардид, ки имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сиёсати хирадмандонаву маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ба шарофати мардуми мамлакат ба давраи сифатан нави рушди иҷтимоиву иқтисодии худ ворид гардида, дар таҳкими минбаъдаи рукнҳои давлатдорӣ, раванди созандагиву бунёдкорӣ ва тарбияи насли солиму ояндасоз қадамҳои устувор гузошта истодааст.


Имрӯз дар назди омӯзгорон дар самти таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон вазифаҳои бисёр муҳим меистанд, ки иҷрои он, аз як ҷониб бисёр пурзаҳмат буда, аз тарафи дигар, кори арзишманд ва пуршараф мебошад. Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо оила ва муассисаҳои таълимӣ наслеро тарбия намуда, ба воя расонем, ки онҳо, пеш аз ҳама, дорои тафаккури созанда, ҷаҳонбинии фарох, мусаллаҳ бо донишҳои муосир, зираку соҳибмаърифат ва худшиносу ватанпарвар гардида, барои рушду ободии ояндаи ҷумҳурии соҳибистиқлол содиқона хизмат намоянд ва дар арсаи ҷаҳонӣ давлату миллати худро ба таври сазовор муаррифию пуштибонӣ намоянд.

Зимнан донишҷӯёнро даъват намуданд, ки аз шароити созгор истифода бурда, барои рушди камолоти хеш ва баланд бардоштани ифтихори ватандориву худшиносиашон талош намоянд.

Баъдан дар синфхонаҳо дарси сулҳ оғоз гардид. 

АКС: Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон

Сентябрь 2, 2023 13:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад