Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон соли нави таҳсилро сазовор пешвоз гирифтанд

Сентябрь 2, 2023 15:16

ДУШАНБЕ, 02.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» бо иштироки Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯён Рӯзи дониш таҷлил  шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар донишкадаи мазкур.

Нахуст иштирокдорони ҳамоиш суханронӣ ва мулоқоти самимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо аҳли маорифи мамлакат, ки чун анъанаи нек дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ дар маросими ифтитоҳи бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара баргузор гардид, тамошо намуданд.

Таъкид шуд, ки дар ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо ҳамасола 1 сентябр Рӯзи Дониш ботантана ва шукуҳи хосса доир гардида, дарси аввали соли нави таҳсил Дарси сулҳ номида мешавад. Рӯзи дониш дар ҷомеаи мо аҳамияти бузурги таърихӣ дошта, оғози соли нави таҳсил, рамзи саъю кӯшиш барои донишомӯзӣ ва нашъунамои мамлакати азизамон мебошад.

Дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ин рӯз ҳамчун санаи гиромидошти илму дониш ва маърифату маънавиёт таҷлил мегардад, ки пеш аз ҳама, гувоҳи равшани ғамхориву таваҷҷуҳи доимиву хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илму маориф мебошад, ки он кас дар ин маврид чунин иброз намудаанд: «Бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф — сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад».

Вазири фарҳанг иброз дошт, ки имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сиёсати хирадмандонаву маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо шарофати меҳнати содиқонаи мардуми мамлакат, аз ҷумла омӯзгорону устодони муҳтарами Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ба давраи сифатан нави рушди иҷтимоиву фарҳангии худ ворид гардида, дар таҳкими минбаьдаи рукнҳои давлатдорӣ, раванди созандагиву бунёдкорӣ ва тарбияи насли солиму ояндасоз кадамҳои устувор гузошта истодааст.

Ректори донишкада ба онҳое, ки имсол ба номи пурифтихори донишҷӯ сазовор гардида, имрӯз нахустин қадами худро ба даргоҳи илму фарҳанг ва санъат гузоштанд, таҳсили хубу аъло орзу намуда, дар оянда ҳамчун кадрҳои сазовор ба воя расидан ва барои боз ҳам ободу зебо гардидани Ватани маҳбубамон саҳм гузоштанашонро таманно намуд.

Гуфта шуд, ки давоми шашмоҳаи соли равон 23 донишҷӯи донишкада дар озмуну фестивалҳои байналмилалии Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Узбекистон тариқи ғайриҳузурӣ иштирок намуда, бо диплому ифтихорномаҳои озмунҳои байналмилалӣ қадрдонӣ шуданд.

АКС: Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода»

Сентябрь 2, 2023 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар намоиши маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон дар Русия имконияти вилояти Суғд муарифӣ гардид
НАВИДИ ФАРҲАНГӢ! «Тазҳиб – санъати зарҳалкорӣ» ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО ворид шуд
Дар Танзания рушди ҳамкории Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо Шарики глобалӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Туркия бо волии вилояти Денизли мулоқот намуд
Дар Душанбе табодули таҷрибаи мутахассисони соҳаи кишоварзии Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ Сафири навтаъйини Олмон дар Тоҷикистон Йорк Шуграфро ба ҳузур пазируфтанд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озод намудани судяҳо
Бахшида ба 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Ширкати «Masdar» дар Тоҷикистон лоиҳаҳои энергияи барқароршавандаро бо иқтидори умумии 1000 МВт татбиқ менамояд
Дар Душанбе Форуми миллии волонтёрон мегузарад
Дар шаҳри Хоруғ коргоҳи коркарди гиёҳҳои шифобахш таъсис меёбад
ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ. Бозии дастаҳои футболи «Истиқлол» ва «Ал-Наср» мусовӣ анҷом ёфт