Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи омӯзгор чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 30.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи омӯзгор, ки ҳамасола якшанбеи нахустини моҳи октябр таҷлил карда мешавад, чорабинии тантанавӣ баргузор гардид, ки дар кори он муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён иштирок ва суханронӣ намуд.
Муовини Сарвазири мамлакат ҳамаи омӯзгорон ва кормандони соҳаи маорифи Тоҷикистонро ба муносибати иди касбӣ шодбош гуфта, аз рушди соҳаи маориф ва таваҷҷуҳу ғамхориҳои рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ин соҳаи афзалиятноки ҷомеа дар солҳои соҳибистиқлолӣ ёдовар шуд.
Таъкид гардид, ки барои таъмини рушди устувори соҳаи маориф Ҳукумати мамлакат маблағгузории ин соҳаи калидиро сол ба сол зиёд намуда, барои кормандони соҳа ва омӯзгорону хонандагон шароитҳои хубу муосири кору зиндагӣ ва таълиму тарбияро пайваста фароҳам меоварад.
Ба таъкиди иштирокчиёни чорабинӣ, дар замони соҳибистиқлолӣ дар қаламрави мамлакат 3700 бинои муассисаи таълимӣ барои беш аз якуним миллион хонанда сохта, ба истифода дода шудааст, ки самараи талошу заҳматҳо ва дастгирию ғамхориҳои доимии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф мебошад.


Фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи наврасону ҷавонон, зиёд намудани маблағгузории соҳаи маориф, давра ба давра баланд бардоштани музди меҳнати омӯзгорон, зиёд намудани бурсияву стипендияҳо, аз ҷумла, стипендияи президентии «Дурахшандагон», ҷудо намудани квотаи президентӣ ва тадбирҳои дигар далели возеҳи таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати мамлакат ба масъалаи таълиму тарбия мебошад.
Гуфта шуд, ки ҳадафи асосии давлат ва Ҳукумати мамлакат аз таваҷҷуҳи хосса ба соҳаи илму маориф аз он иборат аст, ки сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ баланд бардошта, насли ояндасози кишвар бо фаро гирифтани илму дониши муосир барои рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии Ватани хеш, пешрафти давлат ва ҳифзи марзу буми сарзамини аҷдодӣ омода карда шавад.
Дар чорабинӣ ба як қатор фаъолон ва пешсафони соҳа мукофоту унвонҳои соҳавӣ тақдим гардид. Ҳамчунин дар ин рӯз ғолибони озмунҳои соҳавӣ, аз қабили “Омӯзгори соли Тоҷикистон — 2023” ва “Мураббии соли Тоҷикистон — 2023” муайян ва ҳавасманд гардонда шуданд.
Аз ҷониби муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён ва вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода иштирокчиёни озмунҳои ҷумҳуриявии “Омӯзгори соли Тоҷикистон — 2023” ва “Мураббии соли Тоҷикистон — 2023” бо нишони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ғолибони ин озмунҳо бо диплом ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 30 000 сомонӣ ва 10 000 сомонӣ мукофотонида шуданд.
Дар чорабинӣ ғолибони озмуни “Омӯзгор – машъалафрӯзи ҷомеа” бо “Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илм” ва мукофотпулӣ қадрдонӣ гардида, 20 нафар омӯзгори кишвар барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, гузоштани саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои болаёқат ва иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ба ифтихори Рӯзи омӯзгорон ба нишони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардонида шуданд.Ҳамчунин, як қатор омӯзгорони кишвар аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо туҳфаҳои молӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Дар идома чорабинии фарҳангӣ пешниҳоди иштирокчиён карда шуд.
АКС аз манбаъҳои боз




















Доир ба нақши Паёми Президенти Тоҷикистон дар рушди низоми қонунгузорӣ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ба истифода додани зиёда аз 200 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назар аст
Барои Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» зиёда аз 8 миллион сомонӣ ҷудо карда мешавад
ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ. Дар Тоҷикистон барои омӯзиши забони англисӣ чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
ПАРКИ ТЕХНОЛОГИИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Натиҷаҳои соли 2025 ва марҳилаи нави рушд барои соли 2026
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 забони хориҷӣ омӯзонида мешавад
БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Бо маблағи беш аз 5 миллион сомонӣ таҷҳизоти лабораторӣ харида шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон — ҳомии сулҳ ва дӯстӣ» ҳамоиш баргузор гардид
1 январ хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба таътили зимистона мебароянд
Дар ноҳияи Шоҳмансур 34 омӯзгор ва 697 хонандаи фаъол қадрдонӣ гардиданд
Таҳти унвони «Бобоҷон Ғафуров – бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифи таърихи халқи тоҷик» конференсия баргузор шуд
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон омӯзиши забони ҳиндӣ баррасӣ гардид






