Дар Душанбе Форуми иқтисодии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 12.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 14 сентябр, соати 10:00 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзуи «Иқтисоди рақамӣ, савдои рақамӣ ва инноватсия» Форуми иқтисодии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои мамлакат хабар доданд.
Ҳамоиш дар чаҳорчӯби Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал, ки 14-15 сентябр дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, доир мегардад.
Дар Форуми мазкур иштироки Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, Вазири иқтисоди миллии Қазоқистон, Вазири молия ва иқтисоди Туркманистон ва Вазири инноватсия, саноат ва савдои Узбекистон пешбинӣ шудааст.
Дар нишасти мазкур баъди сессияи пленарӣ 3 сессия дар мавзуъҳои «Мубодилаи таҷриба ва дурнамои ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи иқтисодиёти рақамӣ ва ҷорӣ намудани низоми ҳукумати электронӣ дар ҷумҳурӣ», «Таҷриба ва дурнамои ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи инноватсия» ва «Мубодилаи таҷриба ва муайян намудани дурнамои ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи тиҷорати электронӣ ва рақамикунонии хизматрасонии давлатӣ» гузаронида мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






