Дар Ироқ бар асари сӯхтор беш аз 100 нафар ҳалок шуданд
ДУШАНБЕ, 27.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари сӯхтор дар толори арӯсӣ дар шаҳри Ал-Ҳамданияи вилояти Найнаво дар шимоли Ироқ беш аз 100 нафар ҳалок ва беш аз 150 тани дигар захмӣ шудаанд. Дар ин хусус рӯзи чаҳоршанбе Вазорати тандурустии Ироқ хабар додааст, иттилоъ медиҳад хабаргузории иттилоотии «Синхуа».
Тавре агентии иттилоотии расмии Ироқ INA бо такя ба раёсати мудофиаи шаҳрвандии ин давлат хабар додааст, ҳодиса нимашаби сешанбе дар толори биное, ки аз масолеҳи сохтмонии зудоташгиранда сохта шуда буд, рух додааст.
Бино ба гузоришҳои аввалин, сӯхтор дар натиҷаи оташбозӣ дар бино рух дода, як қисми он бар асари сӯхтори шадид фурӯ рехтааст, хабар доданд дар INA. Дар робита ба ин ҳодиса тафтиш оғоз шудааст.
АКС аз манбаъҳои боз








Иттиҳоди Аврупо «Мета»-ро ба нақзи қоидаҳои ҳифзи кӯдакон дар Инстаграм ва Фейсбук айбдор кард
Дар Норвегия истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои кӯдакони то 16-сола манъ карда мешавад
Истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Туркия уҳдадор мешаванд синни худро тасдиқ намоянд
Австрия нақша дорад, ки дастрасии кӯдакони то 14-соларо ба шабакаҳои иҷтимоӣ манъ намояд
Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид






