Дар Исфара бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 64-и деҳоти Чоркӯҳ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 03.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Исфара бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 64-и деҳоти Чоркӯҳ ба истифода дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Таъмиру навсозии бинои муассисаи мазкур дар маҳаллаи Сомониён бо дастгирии ҳамаҷонибаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Исфара ва саҳми соҳибкорону сокинони маҳаллӣ амалӣ гардид. Он барои 270 ҷойи нишаст пешбинӣ гардида, аз 7 синфхона, ҳуҷраҳои корӣ ва китобхона иборат мебошад. Синфхонаҳои нав бо лавозимоти зарурӣ – мизу курсӣ, тахтаи синфӣ ва рафҳои китобмонӣ муҷҷаҳаз гардонида шудаанд.
1 сентябр дар ҷамъомади тантанавие, ки бахшида ба Рӯзи дониш дар ин боргоҳи маърифат баргузор шуд, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раёсати маориф, падару модарон ва меҳмонони зиёде иштирок намуда, устодону шогирдонро ба муносибати оғози соли нави хониш муборакбод гуфтанд.
Иброз гардид, ки дар фарҳанги миллӣ ва инсонгароёнаи халқи шарафманди тоҷик масъалаи мактабу маориф, рушди босуботи илму маърифат, мавқеи ифтихорӣ ва тарбияи устоду омӯзгор, эҳтироми хат ва китоб, мунтазам баланд бардоштани сатҳи саводнокии мардум ва ба талаботи замона мувофиқу муносиб намудани он мақоми хосаю созандаро соҳиб мебошанд.
Дар Тоҷикистон низоми маориф ва таҳсил дар мақоми аввал қарор дошта, мактабу маориф такягоҳи давлат ва тарғибгари ғояҳои навини он ба ҳисоб мераванд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






