Дар шаҳри Кӯлоб ҷаласаи аъзои Ситоди вилоятӣ оид ба ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ доир шуд

Сентябрь 23, 2023 16:48

ДУШАНБЕ, 23.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. 21 сентябр дар шаҳри Кӯлоб ҷаласаи аъзои Ситоди вилоятӣ оид ба ҷалб  намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб хабар доданд.

Таъкид шуд, ки нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оид ба омодагӣ, дар сатҳи баланд ва пеш аз муҳлат ҷалб намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсиб расида, ҳамзамон гурӯҳҳои корӣ таъсис ёфтаанд, ки ба онҳо шахсони обрӯманд, донишманд, кордону ташаббускор ва масъулиятшинос шомил гардидаанд.

Тазаккур дода шуд, ки имрӯзҳо аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ дар тамоми ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб, ташкилоту муассисаҳо ва муассисаҳои таълимӣ вохӯриҳо идома дошта, дар онҳо дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, бедор намудани ҳисси худшиносию худогоҳӣ, дар замири наврасону ҷавонон бедор намудани ифтихори ватандӯстӣ ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ таъкид мегарданд.

Тибқи нақшаи чорабиниҳо, бояд ҷавонон,  аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таълимӣ барои шиносоӣ бо шароити буду боши хизматчиёни ҳарбӣ ба қисмҳои низомӣ ҷалб шаванд.

Тазаккур дода шуд, ки ҳар шаҳрванд ва ҳар роҳбари ташкилоту муассиса, новобаста аз шакли моликият бояд бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ҷиҳати ҷалб намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ ҳамроҳ шавад.

«Агар мо масъулияти ватансозӣ, ифтихори ватандӯстӣ ва ҳисси баланди худшиносӣ дошта бошем, метавонем ин маъракаи муҳими сиёсиро дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ ва фарҳангӣ гузаронем. Ин танҳо аз мо иродаи мустаҳкам ва масъулияти баланд тақозо менамояд», -изҳор доштанд иштирокчиёни ҳамоиш.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб

Сентябрь 23, 2023 16:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед