Дар шаҳри Турсунзода 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо иштироки меҳмонон аз Узбекистон таҷлил шуд
ДУШАНБЕ, 08.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 7 сентябр дар шаҳри Турсунзода 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд.
Дар ҷамъомад роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, аҳли зиёю фаъолони ҷомеа, намояндагони касбу кори гуногун ва меҳмонон аз Ҷумҳурии Узбекистон иштирок намуданд.
Таъкид гардид, ки истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат арзёбӣ шуда, ба шарофати ин рӯйдоди бузурги таърихӣ халқи тоҷик соҳиби рамзҳои давлатӣ — Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва Конститутсия гардид. Истиқлолияти давлатӣ инчунин ҳувияти миллии мардуми тоҷикро ба зинаи комилан нав бароварда, барои тақвияту густариш пайдо намудани ваҳдати тамоми сокинони Тоҷикистон заминаи пойдор фароҳам овард.
Иброз гардид, ки асоси дастоварду пешравиҳои мо аз ташриф ва ҳидояту дастуру супоришҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Турсунзода сарчашма гирифта, барои расидан ба натиҷаҳои назаррас ба ҳар сокини шаҳр илҳоми тоза бахшидааст.



Пас аз маросими ифтитоҳ барномаи фарҳангии ҳунармандони шаҳр пешкаши иштирокчиён гардонида шуд.
Бояд гуфт, ки 7 сентябр ҳамчунин бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Турсунзода якчанд иншооти ҷашнӣ, аз ҷумла синфхонаи иловагӣ барои 240 нафар дар ду баст дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 71, синфхонаи иловагӣ барои 240 нафар дар ду баст дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 31 ва толори варзишӣ дар деҳаи Ширкенти Ҷамоати деҳоти Работ ба истифода дода шуд.



Ёдовар мешавем, ки имсол тоҷикистониён 32-солагии Истиқлолияти давлатиро таҷлил менамоянд. Бахшида ба ин ҷашни умумимиллӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат барномаҳои фарҳангию фароғатӣ пешбинӣ шудаанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода








Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд






